Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20-уми май, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид.
Ин маросими бошукӯҳро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адиль Керимли ифтитоҳ намуданд.
Баъдан барномаи консертии омоданамудаи устодони санъату ҳунари Озарбойҷон пешниҳоди ҷамъомадагон гардид, ки гарму самимӣ истиқбол ёфт.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон










