24 Майи соли 2025 дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода дар шаҳри Москва бо ректори Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) Малишев Владимир мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи фарҳангу санъат ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва табодули таҷриба изҳори назар намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
