Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханрониаш зикр намуд, ки баргузории озмун барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони солеҳ, худшиносу худогоҳ ва солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат намуда, давлату ҳукумат ҳифзкунандаи оила мебошанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки пояи мустаҳками давлату ҷомеаро оила ташкил медиҳад.
Қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 шаҳодати таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.
Дар навбати худ Роҳбари Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова аз ташаббусҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти ҳамкориҳои шарикӣ ва ғамхорӣ нисбати занону кӯдакон ва оила ибрози андеша намуд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардида, дар ҷараёни он маросими супоридани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба 10 ҷуфт навхонадорон сурат гирифт.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор гардида, ҷойи якум насиби Амирхон Саидзода аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ҷойи дуюм ба оилаи оилаи Иномхон Обидов аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва оилаи Назрӣ Худойдодов аз ноҳияи Тоҷикобод сазовор дониста шуда, оилаи Азизбек Аҳмадбеков аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ва Аброр Азизов аз шаҳри Ҳисор ба гирифтани ҷои 3-юм мушарраф гардиданд.
Оилаи Файзулло Мирзоев аз ноҳияи Рӯдакӣ, оилаи Абдулҳай Сатторов аз ноҳияи Ёвон, оилаи Садриддин Орифзода аз шаҳри Гулистон ва оилаи оилаи Аъзамҷон Шарифхоҷаев аз ноҳияи Сангвор барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бешак, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имкониятҳои равониву ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд.
Маҳмадалӣ Сабоҳат Рустам
сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
