Армуғони Наврӯза

“11-июни соли 2021 рӯзи фаромӯшнопазир аст бароям”, – мегӯяд Наврӯза Мамирова. Воқеан ҳам, Наврӯза дар синни 25-солагиаш дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, иштирок карда, аз номи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониву шеърхонӣ намуд.

Суханронии саршор аз ҳиссиёту ҳаяҷон ва таъсирбахш толори Қасри Арбобро гӯё ба ларза овардааст, зеро баромади ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам бо забони тоҷикӣ буду ҳам узбекӣ. Имрӯз ин духтари деваштичиро на фақат дар Тоҷикистону Узбекистон, балки берун аз он низ мешиносанд.

Ин ҷо бояд зикр кард, ки Шавкат Мирзиёев аввалин роҳбари Узбекистон ба шумор меравад, ки ба ин шаҳри дилрабову бостонӣ, яъне Хуҷанд сафар карда буд. Ӯ дар баромади худ чунин гуфта буд:

“Аз таърихи 1 марти соли 2018 бо ташаббуси шумо – сарварони оқилу дурандеши ду давлат кушода шудани сарҳадҳо ба халқҳои тоҷику узбек армуғони бузург шуд ва ин воқеа аз саҳифаҳои заррини таърихи ду халқ ҷой гирифт. Аз ин иқдом хурсандии мардуми ду кишвар ҳадду канор надошт. Онҳо бо ашки шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Зеро ба дидори якдигар ташна буданд. Бовар дорам, ки минбаъд халқҳои моро ягон қувва ҷудо карда наметавонад. Мо имрӯз дӯстию рафоқати Ҷомию Навоиро давом медиҳем! То даме, ки нафас мегирем, ҳамчун фарзанди ду миллат барои пешравии кишварҳоямон, таҳкими дӯстӣ аз самими қалб хизмат мекунем!”

…Наврӯза дар охири суханаш намунаи шеъреро, ки бо услуби хоси адабиёти тоҷику узбек –“ширу шакар” навишта шудааст, қироат намуд:

 

Тожигим узбекка монанд, узбегим тожикмисол,

Халқи ду бир эътиборан, дӯстлиги келтирди шон.

Тӯйи бир, одоти бирдир, аз қадим ҳам, эй рафиқ,

Ҳеҷ хато не, гар бигӯям қалби пайвандли замон.

Аллаҳои модарон як, бир эрур ёр-ёри ҳам,

Ин ду ҳамсоя аҷаб соз, ӯртада йӯқдир гумон.

Пешво Эмомалӣ Раҳмон шуда маҳбуби мо,

Шавкати ду халқ бошад эҳтироми Мирзиё!

 

Роҳбарони ду давлат, равшанфикрон ва меҳмонони сершумори толор аз ҷояшон бархеста, ба шарафи Наврӯза ва ин суханони самимӣ кафкӯбии бардавом карда буданд. Ҳамин лаҳ­заи тақрибан 4-дақиқаина нуқтаи махсус ва фараҳ­бахши ин мулоқоти таърихӣ гардид.

Аслан, сухан кай муассир мебарояд? Вақте аз замири қалб бархезад, ҳамчун ифодаи эҳсосоту майлу хоҳиши ҳозирону атрофиён садо диҳад. Оре, суханони дар ҳузури ду Президент ба забоновардаи Наврӯза изҳори ниятҳои холиси мардумони бисёрмиллионнафараи тоҷику узбек, ифодаи эҳсосоти амиқи халқҳоямон буданд. Беҳуда намегӯянд: “Сухане дошта бош дилпазир”. Аз ин сабаб, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ӯро алоҳида табрик намуда, ташаккур гуфт.

Ҳамон сол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин лаҳза чандин рӯз ба объекти “муносибат” табдил ёфт.

Дарвоқеъ, Наврӯза ҳоло намедонист, ки ӯро “сюрприз” интизор аст. Аз он мулоқот дере нагузашта, яъне 17 июни соли 2021 Сафири Фав­қулода ва Мухтори Узбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Наврӯза Мамирова ҳадяи қиматбаҳои Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва нишони сарисинагии “Узбекистон белгиси”-ро аз номи Президенти Узбекистон тантанавор супорид.

“Ин эътибор, ба ростӣ, ба ман болу пар бахшид. Ҳамон як суханронӣ ҳаёти маро, ҷаҳонбиниамро дигар кард. Гирифтани туҳфа аз номи Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳаёти ман воқеаи фаромӯшнопазир аст. Ин нишон танҳо нишони ман набуда, балки муваффақияти тамоми ҷавонони ҷумҳуриамон мебошад”, – мегӯяд Наврӯза Мамирова.

Бояд гуфт, ки Наврӯза Мамирова соли 1996 дар рӯзи ҷашни Наврӯз, яъне 21 март дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) дар хонаводаи коргар Собирҷон Мамиров ва муаллимаи забон ва адабиёти узбек Вилоят Саломова ба дунё омадааст. Соли 2003 ба МТМУ №4-уми ноҳияи Деваштич ба синфи якум қабул шуда, соли 2014 мактаби мазкурро бо баҳои аъло хатм намудааст. Худи ҳамин сол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба факултети филологияи тоҷик, шуъбаи журналистика ва назарияи тарҷума дохил шудааст. Соли 2018 вақте ки Наврӯза барои таҷрибаомӯзии давлатӣ ба телевизион ва радиои вилояти Суғд меравад, ба эътибори роҳбарияти ҳамин идора меафтад.

Соли 2018 баъд аз хатми бомуваффақияти Донишгоҳ моҳи июли ҳамин сол ӯ дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ҳамчун муҳаррири барномаи узбекии “Қадрият” фаъолияти журналистиашро оғоз намуда, то моҳи апрели соли 2024 дар телевизиони Суғд ҳамчун муҳаррир ва барандаи барномаи “Қадрият” кору фаъолият бурдааст. Аз моҳи апрели соли 2024 то ҳол дар рӯзномаи “Суғд Ҳақиқати” ҳамчун мухбири рӯзнома фаъолият намуда истодааст. Соли 2018 таҳсилашро дар магистратура аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ давом дода, соли 2020 соҳиби дипломи дараҷаи магистрӣ гаштааст. Номбурда аз моҳи сентябри 2021 то моҳи майи соли 2024 ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ фаъолият кардааст. Баробари фаъолият дар рӯзнома, ӯ дар мавзуи “Инъикоси муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику узбек дар рӯзномаҳои узбекзабони вилоят” кори номзадӣ таҳия намуда истодааст. Сазовори чандин Ифтихорномаву сипосномаҳо гардидааст. Соли 2023 дар озмуни “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд гузаронида шуд, сазовори ҷойи аввал гашт. Санаи 12 марти соли ҷорӣ дар конференсия бахшида ба 584-солагии Алишер Навоӣ, ки олимон, нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистону Узбекистон ширкат варзиданд, аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Ватандошлар” ҳамчун иштирокдори фаъол соҳиби Сертификат гардид. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад. Шавҳараш Зиёваддин Иноятов соҳибкори пешқадам аст.

Наврӯза Мамирова рамзи меҳрофарии ду давлат аст. Далели хушбахтии духтарони узбекзабон дар сарзамини Тоҷикистон мебошад. Аслан тоҷику узбек ду халқи аз бисёр ҷиҳат ба ҳам монанде мебошанд, ки бо дигар забон ҳарф мезананд. Дар Наврӯзаи нозанину донишманд мо тамоми хислатҳои хуби бонувони тоҷику узбекро мебинем.

Озода Набиева

рӯзноманигор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *