Лабони модарон пурханда бошанд

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз шоирони бузурги муосири тоҷик мебошад, ки ашъораш ҳамнавои дили мардум аст. Донандагони осори Лоиқ ӯро шоири зан, замин ва зиндагӣ меноманд, зеро дар шеъри муосири тоҷик беҳтарин тавсифи Зан-Модар, дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар осори ин шоири беназир таҷассум гардидаанд.

Устод Лоиқ умри кам дид, ҳамагӣ 59 сол, вале осори гаронбаҳое аз худ ба мерос гузошт. Дар замони зиндагиаш беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш дар Тоҷикистону хориҷ аз он ба нашр расиданд ва нашри китобҳои ӯ пас аз маргаш низ идома доранд. Ҷилди аввали “Куллиёт”-и шоир бори аввал соли 2000 ва баъдан соли 2006 дар Теҳрон ва ахиран соли 2008 дар Душанбе ба табъ расидааст, ки ҳамаи ашъори шоирро фаро гирифтааст. Вале бо гузашти чанд сол маълум шуд, ки чандин шеъри устод Лоиқ, аз ҷумла ашъори дар матбуот нашршудаи ӯ низ аз куллиёт берун мондааст. Яке аз ин шеърҳо “Занони Тоҷикистон зинда бошанд!” ном дорад.

Ин шеър бахшида ба 40-солагии маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” эҷод шудааст ва орзуҳои неки шоирро ҳам ба маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” ва ҳам ба бонувони кишвар бозгӯӣ мекунад.

Маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, ки ҳоло бо номи “Фирӯза” ба дасти хонандагон мерасад, дар даврони Шуравӣ ягона маҷалла барои бонувони Тоҷикистон ва минбари розу ниёзи эшон буд. Маҷалла 1 майи соли 1932 барои занони коргару деҳқон бо номи «Бо роҳи ленинӣ» бо теъдоди 4000 нусха бо хати лотинӣ нашр шудааст. Ин маҷалла дар тӯли солҳои мавҷудияташ бо номҳои «Занони Тоҷикистони советӣ» ва «Занони Тоҷикистон» низ чоп мешуд. Аз оғози солҳои навадуми асри гузашта бо ибтикори сардабири он шоира Мавҷуда Ҳакимова номи «Фирӯза»-ро гирифт.

Соли 1972 бахшида ба 40-солагии маҷалла шумораи махсуси ҷашнӣ ба табъ расидааст, ки дар он номаҳои табрикӣ ва мақолаву ёддошт аз таърихи маҷалла дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла шеъри устод Лоиқ.

Чун моҳи май, зодрӯзи маҷаллаи “Фирӯза” ва ҳам зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ аст, ин шеърро манзури шумо мегардонем.

 

Бувад то зиндагӣ фархундаоин,

Бибояд модарон фархунда бошанд.

Бувад то ханда бар лаб модари даҳр,

Лабони модарон пурханда бошанд.

 

Бувад то чеҳраи оянда равшан,

Занон бо чеҳраи рахшанда бошанд,

Бувад то осмон марду замин зан.

“Занони Тоҷикистон” зинда бошанд!

Лоиқ Шералӣ

Одил Нозир

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *