Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025, ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷавондухтари тоҷик Мадина Қурбонзода соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ бо мағлуб кардани ҳарифи чиниаш дар вазни 52 кг дар таърихи ҷудои кишвар аввалин паҳлавонбонуе шуд, ки медали биринҷии Grand Slam-ро ба гардан овехт ва номи худро дар таърихи варзиши тоҷик муҳр зад.
ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ АВВАЛ
Дар Dushanbe Grand Slam 2025 паҳлавонони тоҷик аз ҳисоби теъдоди нишонҳо миёни 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи олам бо гирифтани 11 нишон (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи аввал қарор гирифтанд, ки дар таърихи ҷудои кишвар чунин нишондод маротибаи аввал аст.
Нишонҳои тиллоро Эмомалии Нуралӣ (66 кило), Муҳиддин Асадуллозода (73 кило), Сомон Маҳмадбеков (81 кило) ва Темур Раҳимов (+100 кило) ба даст оварданд.
Нишонҳои нуқраро бошад, Меҳрзод Суфиев (60 кило) Обид Ҷебов (66 кило) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кило) соҳиб шуданд.
Нишонҳои биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар Мадина Қурбонзода (52 кило миёни бонувон), Ёсин Бобокалонов (66 кило) Абубакр Шеров (73 кило) ва Кароматулло Ҳакимов ворид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ шуданд.
МЕҲРИ ВАРЗИШ
Номи Мадинаро алоқамандони варзиш чанд сол пеш шунида буданд. Духтараки деҳотӣ, барои расидан ба орзуи хеш, ҳамарӯза 4-5 км роҳро пиёда тай менамуд ва бо писарон якҷоя тамрин мекард.
Мадина зодаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ аст. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш завқ дошт ва мусобиқоти гуштигиронро тариқи телевизион тамошо карда, орзу мекард, ки рӯзе варзишгар шавад. Чун падар шавқи ӯро ба варзиш эҳсос намуд, дар фикри он шуд, ки чӣ гуна орзуи духтарашро ҷомаи амал пӯшонад.
“Вақте падарам шавқи зиёд доштани маро ба варзиш дид, тарафдориам намуд. Ҳатто, бо исрори зиёди ман якчанд усули гуштиро бароям омӯзонид”, -мегӯяд Мадина.
Дар деҳаи Кадучӣ толори варзишӣ набуд. Бинобар ин, падар ӯро ҳамарӯза ба Кӯлоб барои тамрин мебурд. Мадина ҳамарӯза 4-5 км роҳро тай карда ба толори варзишии деҳаи ҳамсоя мерафт. Гоҳо падар ӯро бо дучарха мебурд.
Вале мушкили асосӣ он буд, ки дар деҳа ва ноҳия барои тамрини духтарон шароит набуд. Ҳамин аст, ки Мадина бо писарон машқ мекард ва рақибонаш низ писарбачаҳо буданд.
ЗИДДИЯТИ МОДАР
Вақте модар аз ин огоҳӣ меёбад, Мадинаро сарзаниш мекунад ва аз рафтан ба толори варзишӣ манъ мекунад. Бо вуҷуди ин, Мадина пинҳонӣ масофаи 4-5 км-ро пиёда тай намуда, ба толори варзишӣ мерафт, то аз машқ қафо намонад. Гоҳо пинҳонӣ аз модар падару бародараш ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.
Модараш мегӯяд, ки ҳарос дошт, ки духтараш ҳангоми тамрин ё мусобиқаҳо ба писарбачаҳо осебе набинад. “Аммо вақте хоҳиши ӯро дидам ва шоҳиди дастовардҳояш шудам розӣ шудам”, — мегӯяд модар.
Падараш мегӯяд: “Модараш чанд бор ӯро сарзаниш кард, то дигар машқ накунад. Аммо вақте дар яке аз наврӯзиҳои деҳаамон гуштӣ шуд, Мадина он ҷо иштирок карда, 10-11 нафар писарро мағлуб намуд ва аз дасти раиси ноҳия мукофотпулӣ гирифт. Пас аз мусобиқа назди модараш омада, пулҳояшро доду аз модар дуо гирифт. Модараш чун дид, ки ӯро аз роҳи интихобнамудааш гардонида наметавонад, гуфт дигар барои ту монеъ намешавам, машқ кардан гир”.
Дере нагузашта Мадина дар миёни мухлисони варзиш ҳамчун духтаре, ки бо писарон сабқат менамояд мушҳур шуд. Дар ин сабқатҳо кам андар кам писаре пайдо мешуд, ки ёрои бо ӯ даст ба гиребон шуданро мекард. Ӯ дар аксар мусобиқот дастболо шуда, соҳиби ҷоизаҳои арзишнок гардидааст.
ДАР РОҲИ ҚАҲРАМОНӢ
Яке аз аввалин муҳорибаҳое, ки Мадинаро муаррифӣ кард, мусобиқаи гуштии миллӣ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Мадина дар ин мусобиқа ширкат намуд ва ҳамаи рақибонашро, ки писарон буданд, мағлуб карда, ҳаводорони гуштии миллиро дар ҳайрат гузошт.
Мадина дар бисёр мусобиқаҳо аз миёни бонувон рақиб пайдо намекард. Ҳамин аст, ки бо писарон ба майдони ҳарб мебаромад. Чанд сол пеш дар мусобиқаи гуштигирии шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ба Мадина аз миёни бонувон рақиб пайдо накарданд. Ҳамин аст, ки барои ӯ рақиби писар интихоб шуд. Мадина дар ин мусобиқа дастболо шуд ва бо нишони заррин ба Ватан баргашт.
Мадина мегӯяд, ки барои ӯ писар ё духтар будани рақибаш фарқ надорад. “Вақте ба майдон мебароӣ, ҳама рақиб аст. Духтар ё писар буданаш фарқ намекунад, бояд маҳорат нишон дод”, – мегӯяд, Мадина.
ДУРАХШИ СИТОРА
Иштироки Мадина дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе яке аз лаҳзаҳои таърихӣ барои ин варзишгари ҷавон буд. Маҳз, ҳамин мусобиқа ӯро ба ҳамагон муаррифӣ кард.
Ӯ дар даври аввал муқобили ҳарифи худ аз Ҳиндустон сабқат намуд. Мадина тавонист ҳарифи худро ба паҳлу афтонида, соҳиби як вазарӣ гардад, ки ин як имтиёз барои ҳамворсозии роҳи ӯ ба даври баъди тақдирсоз буд. Ҳамин тавр, Мадина бо бартарии як имтиёз ба даври дуюми сабқатҳо роҳ ёфт. Дар ин марҳила муқобили ӯ қаҳрамони феълии Африко Морандои 30-сола рақобат кард. Мадинаи хурдсол ба муқобили ҳарифи пуртаҷрибаи худ маҳорати баланд нишон дод. Аз як имконияти бисёр хуб истифода намуда, ҳарифро бо усули латдиҳии даст, маҷбур сохт, таслим шавад. Дар даври сеюм Мадина аз ҳарифи худ аз Муғулистон мувоҷҷеҳи шикаст шуд. Дурахши бемисли ӯ дар ин сабқатҳо боис гашт, то Мадина дар қатори ТОП-100 варзишгари беҳтарини Федератсияи байналмилалии ҷудо шомил шавад.
ДАСТОВАРДҲО
Мадина барандаи ҷоизаҳо аз мусобиқаҳои гуштии Осиёи Марказӣ, сазовори мақоми дуюм дар Чемпионати Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаи гуштигирӣ дар рақобат бо писарон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон, барандаи медали тилло дар мусобиқаи Ҷоми Имрон байни духтарон, дорандаи медали тилло миёни писарон аз Ҷоми Худойназар Боқиев, иштирокчии фаъол ба ҳайси гуштигир дар мусобиқоти наврӯзӣ, ҷавонтарин варзишгар дар сабқатҳои Гран-Прии Душанбе мебошад.
Ва инак, ӯ нахустин варзишгарбонуи тоҷик шуд, ки аз Гранд Слами Душанбе соҳиби медал шуд.
Мадина номи чеҳраи наве дар майдони варзиш аст. Мухлисони варзиш аз ӯ умедҳои зиёде доранд. Умед аст, ки ӯ дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчамбардори Тоҷикистон бошад…
О. Соҳибзода
