Субҳи содиқ, бо тулуи нахустин нурзарраҳои хуршед Зикамо аз пайи анҷоми кору бори рӯзгор аст. Ӯ модари шаш фарзанд ва ҳашт набера аст. Илова ба рисолати ҳамсарию модарӣ, ҳамчун роҳбар масъулияти тарбияи насли наврасро бар дӯш дорад. Ин бонуи чолоку чаққон, кордон ва масъулиятшиносро дер боз мешиносаму эҳтиромаш мекунам. Ӯ ҳамчун бонуи фаъол ва кордон дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Инак, каме аз зиндагинома ва фаъолияти кории ин бонуи муваффақ ҳарф мезанем.
Шукурова Зикамо Раҳмоновна дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1989 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Темурмаликро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо шавҳараш Отубинуло Шарипов ва аҳли фарзандон дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ заҳмат кашида, рӯзгори хешро пеш мебурд. Баъди гузашти солҳо Зикамо бо маслиҳат ва дастгирии шавҳараш ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба факултети таърих ва ҳуқуқ супорид. Худи ҳамон сол фаъолияти педагогии худро дар Гимназияи давлатии ноҳияи Темурмалик ба номи Ҳокимшо Ҳафизов ҳамчун омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқ оғоз намуд. Роҳбарии созмони талабагии гимназияи давлатиро низ ба зимааш гузоштанд. Дар вақти фаъолияти корӣ худро чун шахси масъулиятнок ва кордон нишон дода тавонист. Ҳамин аст, ки соли 2018 ӯро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии гимназия таъин намудаанд.
Ҳарчанд, ки масъулияти ҷиддӣ ва душворро ба уҳда дошт, барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон вақт ҷудо намуда, машғулиятҳои иловагӣ мегузаронид. Заҳматҳои ӯ барабас нарафтанд, зеро ки шогирдонаш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ иштирок намуда, соҳиби ҷойи намоён мегарданд.
Соли 2022 барои омӯзгори собиқадор Зикамо Шукурова фаромӯшнашаванда аст. Ҳамон сол бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд. Дере нагузашта, ӯро мудири боғчаи №1 таъин намуданд.
Аз соли 2024 Зикамо Шукурова ба ҳайси Директори маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Темурмалик фаъолият дорад.
Зикамо аз рӯзи аввали ба ин марказ омаданаш қарор надорад, зеро дар замони шуравӣ ин муассиса Хонаи пионерон ном дошту падари бузургвораш Шукуров Раҳмон солҳо онро роҳбарӣ кардааст. Шодравон Шукуров Раҳмон яке аз фидоиёни соҳаи маориф дар ноҳия буд. Ӯ ҳамчун муаллим, директори мактаб, методисти шуъбаи маориф ва роҳбари хонаи пионерон дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Ҳукумати кишвар заҳматҳои ӯро ба назар гирифта, ӯро бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намудаанд. Ҳоло мактаб-интернати ҷамоати Танобчӣ ба номаш гузошта шудааст. “Аз некон боғ мемонад”- мегӯянд дар урфият. Боғи сарсабзи Раҳмон Шукуров фарзандони хубу шогирдони босаводанд, ки имрӯзҳо дар хизмати халқу Ватан қарор доранд.
Ҳамин аст, ки Зикамо Шукурова аз рӯзи аввали директори маркази таҳсилоти иловагӣ таъин шуданаш ба худ қавл дод, ки софдилона фаъолият карда, барои тарбияи насли наврас талош хоҳад кард.
Сарвар Урозова
