Имрӯз, 30-юми июли соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти расмӣ бо ҷаноби Исмоил Бағоӣ — сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳким ва густариши робитаҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногуни фарҳангӣ таъкид карданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои татбиқи барномаҳои муштараки фарҳангӣ, табодули ҳайатҳои фарҳангиву ҳунарӣ, баргузории намоишгоҳу чорабиниҳои муштарак ва тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созишномаҳои мавҷуда иброз доштанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, ба таҳкими бештари муносибатҳои фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи мусоид фароҳам овард.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
