Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихии 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳузур дошта, ҳозиринро бо фарорасии ин санаи тақдирсозу сарнавиштсоз самимона табрик намуданд.
Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ аз намояндагони соҳаи фарҳанг, ки бо фаъолияти созанда, ташаббусҳои бунёдгарона ва хизматҳои арзанда дар рушду тараққии фарҳанги миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
