Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати фарҳанг

Истиқлоли Давлатӣ барои мардуми тоҷик шароити таърихие фароҳам овард, ки зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба роҳи зиндагии орому осуда, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорад.

Ба муносибати таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Вазорати фарҳанги кишвар чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ширкат варзида, дар суханрониҳои худ аҳамияти таърихии истиқлол ва нақши онро дар рушди давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ таъкид намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор намояндагони соҳаи фарҳанг барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» , сипосномаи Вазорати фарҳанг, инчунин бо медали ҷашнӣ ва сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдир гардиданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *