Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг – Сатториён Матлубахон Амонзода бо ду чеҳраи нотакрор ва маҳбуби фарҳангу санъати тоҷик Малика Қаландарова – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо рақсҳои худ солҳои тӯлонӣ фарҳанги миллиро берун аз марзҳои кишвар муаррифӣ намудааст, ва Тамара Катаева – овозхони собиқи ансамбли машҳури эстрадии «Гулшан», ки бо садои фораму нобаш дар солҳои ҷавонӣ ҳазорон дилҳоро мафтун месохт, мулоқоти самимӣ анҷом дод.Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ доир гардид. Дар ин барнома Малика Қаландарова бо иҷрои рақсҳои классикии тоҷикӣ ба саҳна рангу ҷилои тоза бахшид. Ҳар қадам ва ҳаракати ӯ баёнгари асолати санъати миллӣ ва ҳамзамон рамзи пайванди анъана бо замони муосир буд. Дар ҳамин шабнишинӣ, Тамара Катаева низ бо садои ширину дилнишини худ ба саҳна баромад. Ӯ чанд сурудҳои маъруфи солҳои ҳузураш дар ансамбли «Гулшан»-ро иҷро кард, ки боиси таҳрики хотираҳо ва шодиву фараҳи беандоза дар дили мухлисон гардид.
Сафари эшон натанҳо як сафари ҳунарӣ, балки ифодагари муҳаббати беандоза ба диёр, ёди ёру дӯстон ва ҷазаботи хотираҳои ширин ва гуворои зиндагии даврони ҷавонӣ мебошад, ки онҳоро рӯи саҳна овард. Ҳузури онҳо дар саҳнаи ҳунари тоҷик рамзи пайванди наслҳо ва собиткунандаи он аст, ки фарҳанги миллӣ бо чеҳраҳои шинохтаи ҳунармандони худ дар кадом гӯшаи олам набошанд, ҳамеша зиндаву ҷовид мемонад.
Вазири фарҳанг дар мулоқот таъкид кард, ки нақши чунин ҳунармандон дар муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ беназир аст. Ӯ изҳор дошт, ки Ватан ҳамеша барои фарзандони худ – новобаста аз макони зисташон – меҳрубон аст ва саҳми эшон дар арсаи фарҳанг ва ҳунар ҳамеша бо ифтихор зикр мешавад.
Ин дидор на танҳо як мулоқоти рамзӣ, балки нишонаи равшани арҷгузорӣ ба ҳунар ва пайванди ҷовидонаи фарзандон бо Ватан буд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
