Дастовардҳои назарраси ҳайати Тоҷикистон дар даври дуюми Бозиҳои Делфӣ

Имрӯз дар доираи Бозиҳои Делфӣ аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо даври дуюми озмун бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳилаи муҳими озмун ҳунару маҳорати баланди худро нишон дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм, намояндагони кишвар сазовори 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва 4 дипломи махсус шуданд.

Ин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ ва истеъдоди баланди иштирокчиёни тоҷик буда, обрӯ ва нуфузи фарҳангии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло мебардоранд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои Делфӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ барои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо нақши муассир доранд.

Иштироки пуршарафи ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди санъат ва фарҳанги миллӣ буда, заминаи устувор барои дастовардҳои нав дар оянда мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *