Зебоии Тоҷикистон-мерос барои оянда

27 апрел дар Китобхонаи миллии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Марат Марков ифтитоҳ гардид.

Ба намоишгоҳ 38 асар (расм) шомил гардидааст. Самти мавзӯии онҳо абстраксия, нақшу нигори миллӣ ва рангорангӣ, инчунин осори санъати муосири Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *