КАСБИ ПУРШАРАФ

Маҳз касби омӯзгориро интихоб намудани Насиба Раҳмонова бесабаб нест, зеро ки модаркалону модараш омӯзгор буда, дар таълиму тарбияи садҳо нафар дар ноҳияи Темурмалик саҳми арзанда гузоштаанд ва шогирдони онҳо барои пешбурди ҷомеа хизмати шоиста мекунанд. Насиба ҳам дар пайравӣ ба онҳо, пешаи заҳматписанди омӯзгориро интихоб кард ва солиёни зиёдест, ки ба тарбияи насли наврас машғул аст.

ОҒОЗИ РОҲ

Насиба Раҳмонова зодаи ноҳияи дурдасти Темурмалик мебошад. Ӯ ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба касби омӯзгорӣ алалхусус, фанни забони англисӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Соли 2006 баъди хатми МТМУ-и №1 и ноҳияи Темурмалик ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба факултаи забонҳои хориҷӣ супорид.

Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ сазовори номи пуршарафи донишҷӯйӣ гашт. Давраҳои донишҷӯйӣ барояш хубу хотирмон буданд, зеро ки аз устодони донишманди ин даргоҳ сабақ гирифта, донишу маҳорат андӯхт. Ҳамчунин, ҳангоми таҳсил маҳорати забондониашро такмил дода, маҳорати педогогӣ низ андӯхт. Насиба мегӯяд, ки донишҷӯйӣ давраи муҳимми ҳаёти ҳар инсон аст, ки бояд ҳар дақиқаи онро босамар истифода бурд, то ин ки дар ҷодаи интихобкарда сарбаланд бошӣ.

ДАР КАНОРИ УСТОДОН

Насиба Раҳмонова фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ дар Гимназияи давлатии ба номи Ҳакимшо Ҳафизови ноҳияи Темурмалик оғоз намудааст. Мегӯяд, рӯзи аввали қадам гузоштанашро ба саҳни гимназия ҳамчун омӯзгор ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Махсусан, вақте дар саҳни ҳавлии Гимназияи давлатӣ устодаш Амон Ҷонбобоев (руҳаш шод бод) ба пешвози ӯ баромад. Ӯ устодашро дида, хеле хурсанд шуд, ҳамчунин неру гирифт.

«Дар паҳлуи чунин устоди соҳибмактаб кору фаъолият намудан бароям мояи ифтихор буд. Вақте устодро дидам, дарк кардам, ки тарсу ҳарос аз дилам берун шуд ва бо дилпурӣ ба дарс даромадам» — мегӯяд Насиба.

Ӯ вақтҳои холигӣ ба дарсҳои устодони соҳибтаҷриба иштирок намуда, методҳои таълимиро меомӯхт ва аз донишу таҷриба ва малакаи устодон баҳра мебардошт.

Мудом аз устод душвориҳои корро пурсон мешуд. Маъмурияти Гимназияи давлатӣ дар дарсҳои ӯ ворид шуда, аз методи дарсгузарӣ ва саводнокии шогирдонаш розӣ буданд.

МАСЪУЛИЯТШИНОС

Бо гузашти чанд сол Насиба Раҳмонова макони зисти худро иваз намуд. Ҳамсабақаш Абдураҳмон Мусоев аз ноҳияи Хуросон ба Насиба Раҳмонова хостгор фиристод ва бо амри тақдиру розигӣ ва дуои хайри волидайн онҳо хонадор шуданд.

Насиба Раҳмонова ҳам баъди ба шавҳар баромадан аз хонаи падарӣ ба хонаи шавҳар рафт. Волидайни Абдураҳмон амаки Мусо ва холаи Ҷумъагул бисёр инсонҳои наҷибу хоксор ҳастанд. Аз рӯзҳои аввали дар ин хонадон омадан, хусуру хушдоман ӯро ҳамчун фарзанд қабул намуданд ва дастгиру мададгораш шуданд.

Волидайни Абдураҳмон ба ӯ иҷозат доданд, ки рафта дар мактаб кор кунад. Ин маслиҳати хонавода Насибаро хурсанд намуд. Ҳамин тавр, Насиба Раҳмонова омӯзгори МТМУ-и № 1 ноҳияи Хуросон шуд. Азбаски зану шавҳар ҳарду донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда буданд, маъмурияти муассиса онҳоро гарм истиқбол карданд.

Насиба Раҳмонова муддати 10 сол дар ин муассиса фаъолият намуд.

Ӯ фаъолияти омӯзгории хешро бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба касб ва муҳаббат нисбат ба шогирдон ба роҳ монда, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия талош мекунад.

Мегӯяд: «Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас масъул аст, зеро маҳз, шогирдони ӯ ояндаи кишварро месозанд.»

ЗАБОН ДОНӢ, ҶАҲОН ДОНӢ!

Насиба Раҳмонова дар раванди таълим аз усулҳои муосир, аз ҷумла, технологияҳои дусӯя (интерактивӣ), усули коммуникативӣ, таълими фарогир ва воситаҳои рақамӣ самаранок истифода мебарад.

Дарсҳояш тавассути усулҳои «кор дар гурӯҳҳо», муколама ва мубоҳиса, бозиҳои таълимӣ, «рӯнамоӣ» ва кор бо матн гузаронида мешаванд.

Ин омӯзгори таҷрибадор мегӯяд, ки муаллим бояд талабаро ба ҳар роҳу васила ба хондан ҷалб кунад. Агар шогирд аз раванди дарс канор намонад, ҳатман чизе бардошт хоҳад кард. Муҳим он аст, ки ӯ ба ҷараёни дарс ворид бошад.

Насиба Раҳмонова бо ташаккули қобилияти фикрронӣ, нутқи равон ва истифодаи амалии забони англисӣ дар хонандагон диққати махсус медиҳад.

Бо истифода аз маводҳои аёнӣ, барномаҳои таълимии рақамӣ ва воситаҳои муосири омӯзишӣ дарсҳо ҷолибу муосир баргузор мегарданд.

«Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» гуфтаанд. Бинобар ин, банда талош мекунам, ки шогирдони ман забони англисиро хуб омӯзанд. Чунки мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки бе донистани забонҳои хориҷӣ муроде ҳосил намешавад. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллати мо пайваста ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки забон омӯзанд», – мегӯяд Насиба Раҳмонова.

ИФТИХОРИ ОМӮЗГОР

Соли 2022 фаъолияти пурсамар ва муваффақиятҳои назарраси муаллима Насиба Раҳмоноваро ба назар гирифта, шуъбаи маорифи ноҳия ӯро ба Литсейи №1 гузарониданд.

Насиба Раҳмонова дар литсей дучанд заҳмат мекашад, зеро талаботи дарс дар литсей фарқ мекунад.

Шогирдони ин муассиса аксар болаёқат ва дорои истеъдод ҳастанд.

Шогирдон низ муаллима Насиба Раҳмоноваро дӯст медоранд. Дар озмунҳои фаннӣ, олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Барои мисол айни замон шогирдаш Шодихон Ғафуров тайи 3 соли охир дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ пай дар пай ҷойи 2-юмро ишғол намуда, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Таҳминаи Қурбон яке аз хонандагони беҳтарин ба ҳисоб рафта, айни замон, ҳамчун омӯзгори забони англисӣ фаъолият намуда, пайрави устоди хеш мебошанд…

РИСОЛАТИ МОДАР

Насиба Раҳмонова ба ғайр аз омӯзгори асил будан, рисолати бузурги дигар дорад. Ӯ ҳамсар ва модари мушфиқу меҳрубон аст. Онҳо 3 фарзандро тарбия мекунанд. Абубакр дар синфи 5-ум, Фарзона дар синфи 3-юм мехонанд. Усмонҷон бошад 5-сола мебошад.

Абубакр на танҳо фарзанд, балки шогирди фаъол ва болаёқати ӯ мебошад. Ӯ дар озмунҳои «Луғатдонӣ» ва «Ворисони Пешво» тайи се сол аз синфи 1 то 4 иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст.

Инчунин, ӯ дар олимпиадаи байналмилалӣ «Hippo» аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, дар даври фосилавӣ сазовори ҷойи дуюм гардид. Абубакр аз хурдсолӣ ба фанни ҷуғрофиё низ шавқ дошта, номи ҳама давлатҳо ва пойтахти онҳо ва мавқеи ҷойгиршавиашонро аз худ кардааст.

Насиба Раҳмонова ҳамчун омӯзгори масъулиятшинос ва эҷодкор дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст саҳми арзанда гузошта, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои боз ҳам баланд дар оянда тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Ӯро маъмурияти ҳамкасбон ҳамчун омӯзгорӣ ҷавони боистеъдод, фаъол ва пурмасъулият ҳурмату эҳтиром менамоянд.

Бошад, ки сафи чунин омӯзгорони асил зиёд гардаду омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам хубу беҳтар ба роҳ монда шавад.

Сарвар Урозова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *