Рӯзи 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи фарҳанги ориёӣ ва сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад.
Нахуст бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик курси омӯзиши хушнависӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора 5 июн зимни Ҷаласаи Шӯрои илмии Сарредаксия, иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки курс дар чаҳорчӯби иҷрои ҳамин дастур, бо ҳадафи густариши дониши хатти форсӣ ва ошноии бештари алоқамандон бо мероси фарҳангиву адабии миллати тоҷик баргузор мешавад.
Хушнависи забардаст устод Алиризо Хушнависон, ки барои омӯзиш додани ин ҳунари миллӣ ҷалб шудааст, дар ҷаласа изҳор дошт, ки омода аст, тамоми нозукиҳои ҳунари хушнависиро ба ҳаводорони хатти ниёгон омӯзонад.
Дар натиҷаи гуфтугӯ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки курси омӯзиши хушнависӣ дар толори муассиса дар ҳафта ду рӯз (Душанбе, Ҷумъа) аз соати 16 то 18 ба роҳ монда шавад. Ҳузур ва сабти ном дар курси хушнависӣ барои кормандони муассиса ва дигар шаҳрвандони кишвари мо озод ва ройгон аст.
📍 ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, 17
☎️ Тел.: (992 37) 233 35 71
Хушнависӣ аз ҳунарҳои зебову асил ва мондагори мардуми форсизабон ба шумор меравад, ки дар ҳифзу интиқоли осори илмӣ, адабӣ ва таърихӣ нақши муҳим доштааст.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
