Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони зерсохторҳои Вазорат хониши идоравӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ф.Т ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва нақши онро дар муаррифӣ ва пойдории фарҳанг қайд карданд.
Инчунин Шарифзода Ш. профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” зимни барраси баромад намуданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои риояи меъёрҳои забони давлатӣ ҳангоми таҳия ва баррасии корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва зарурати истифодаи дурусти қоидаҳои имло ва китобатро таъкид намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба роҳҳои такмили истифодаи забони давлатӣ дар муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
