Ҳамоиши идона ба муносибати 35 соли истиқлоли Тоҷикистон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ин ҳамоишро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саториён Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки фарҳанг яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ тоҷик нақши муҳим дорад.

Дар чорабинӣ Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳангу ҳунар, адибон ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишвар иштирок намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор шахсиятҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ барои саҳми арзанда дар бунёди Театри миллӣ ва рушди фарҳанг бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.Барномаи рангини консертии устодони санъат хотири ҷамъомадагонро болида сохт.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *