Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарияти донишкада, устодону кормандон ва донишҷӯён Студияи сабти овоз ифтитоҳ гардид.
Студияи бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ҷиҳати таҳия ва сабти асарҳои мусиқӣ, барномаҳои овозӣ, корҳои эҷодию таълимӣ ва рушди маҳорати касбии донишҷӯён хизмат менамояд. Ифтитоҳи он қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии донишкада, татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълиму эҷод ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд
дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба ҳисоб меравад.
