Меҳмонони хориҷии ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуданд

6-уми сентябри соли 2026 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва директори Театри миллии Тоҷикистон Шарифзода М.М. иштирокчиёни хориҷии ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ»-ро дар даромадгоҳи Театри миллӣ самимона истиқбол намуданд.

Зимни мулоқот роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳмонони хориҷӣ доир ба рушди соҳаи фарҳанг, сиёсати фарҳангии давлат ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли фарҳанг ва рушди инфрасохтори фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, вобаста ба бунёди Театри миллии Тоҷикистон, ки бо тарҳи муосир ва меъмории хос яке аз иншооти муҳими фарҳангии кишвар ба шумор меравад, андешаҳои судманд баён гардиданд.

Меҳмонон аз бинои Театри миллӣ, толорҳои он ва имкониятҳои мавҷудаи муассиса боздид намуда, бо шароити фаъолияти аҳли эҷод ва ҳунармандон шинос шуданд.

Ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз 7 то 9 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *