РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ

Истиқлол барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад.

Истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини таърихӣ аз гумроҳӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтаанд, ҷангҳои бародаркӯш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардонидаанд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасидаанд. Зеро, ин миллати бузургро марди бузурги дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”

Бояд гуфт, мустақилияти давлат дар ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.

Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла, ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикзабон аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

✍️ Даминзода Арафамо Искандар

муовини раиси шаҳри Кӯлоб  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *