БОНУВОНИ МУВАФФАҚ

Терроризм  – зуҳуроти номатлуб
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

Терроризм – зуҳуроти номатлуб

Экстремизм ва терроризм ҳамчун ҷинояти мудҳиши байналмилалӣ хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон мебарад. Кишвари мо дар ин самт як зумра  қонун, санадҳои ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз ҷумла: Қонуни ҶТ "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни ҶТ "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” (аз 21-уми апрели соли 1997, №707), Барномаи давлатии ҶТ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003,  Стратегияи миллии ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Фармони Президенти ҶТ а...
Раҳнаварде  дар олами ҳунар
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Матбуот

Раҳнаварде дар олами ҳунар

Нафистарину зеботарин ҳунар ин санъати театру кино аст, ки ҳунармандон бо офаридани нақше шодиву нишот ва шебу фарози рӯзгори моро дар он таҷассум месозанд. Кино чун ҷузъи таркибии фарҳанги ҳар як қавму миллат маҳсуб ёфта, таърих, ҳунар ва анъанаҳои неки гузаштагону имрӯзиёнро инъикос намуда, ба оламиён муаррифӣ менамояд. Оғози парвоз Агар бедорхобиҳои филмноманависон намешуд, агар тахайюли зебоиофарӣ ва такмилсозии асар ё сенарияи филм аз ҷониби коргардонҳо намешуд, агар онҳо бо диду нигоҳи тоза ҳунармандонро барои офаридани нақше уҳдадор намекарданд, агар заҳмати наворбардору тарроҳи либос, рассоми саҳна ва рӯшноидиҳандаи майдони ҳунар намебуд, филми хуберо тамошо карда, наметавонистем. Вақте дар дил рағбати навиштан дар мавриди синамо пайдо шуд, беихтиёр исми Нигина Раҷабова ба х...
Мардуми мо  бо шеър нафас мекашад
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Мардуми мо бо шеър нафас мекашад

Фарзонаи Хуҷандӣ – яке аз маъруфтарин шоири муосири тоҷик 60-сола шуд. Ба ин муносибат рӯзноманигор Одил Нозир бо эшон суҳбате анҷом дод, ки ҷавҳари онро пешниҳоди шумо – хонандаи маҷаллаи “Фирӯза” менамоем. – Аз кадом вақт дарк кардед, ки шеър роҳи баён кардани ормонҳоятон аст? Яъне, чӣ тавр ба гуфтани шеър оғоз кардед? – Аз рӯзгори кӯдакӣ ба сухани мавзун муҳаббат доштам ва худам ҳам ҳуруфе чанд пайи ҳам мечидам. Оҳиста-оҳиста ин навиштаҳо инсонҳои пазиранда ёфтанд. – Вақте ашъори Шуморо аз даврони ҷавонӣ то имрӯз мехонем, гардишҳоеро дар эҷодиётатон мушоҳида мекунем. Чӣ омилҳо ба эҷодиёти шумо таъсиргузор буданд? – Як муддати том, зери таъсири ҳуруфи офтобии устод Лоиқ будам ва ҳанӯз ҳам аз он таъсир ва таассуроти рӯшану мунавваркунанда берун наомадаам. Як муддати дигар...
Зану зиндагӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Зану зиндагӣ

Зану зиндагӣ аз табори ҳаманд, Зи як решаву баргу бори ҳаманд. Ба рағми хазон парчамафшони ишқ, Зану зиндагӣ зиндадори ҳаманд.  Бале, воқеан ҳам зан оинаи поку беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу миллат ва давлат аст. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо занони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон бисёр дорем, занону бонувони бонангу номуси кишвар ҳамон рисолати хосу азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат моро аз ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахшу офаридгор саршор мегардонанд». Донишманди маъруф, доктори илмҳои педагогика, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова Ирина Холовна аз зумраи чунин бонувони равшанфикру бомаърифат ва соҳ...
Аввалин ситораи  балети тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Аввалин ситораи балети тоҷик

Конибодом гӯшаи хушманзараи диёри Тоҷикистон буда, зодгоҳи шахсиятҳои барӯманд мебошад, ки яке аз онҳо аввалин балеринаи тоҷик Лутфия Зоҳидова (1925–1995) аст. Соли 1934 волидайнаш ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) кӯчида омоданд. Дар ибтидо Лутфия орзу дошт, ки муаллима шавад. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола ба Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи Душанбе дохил шуд. Дар баробари машғулияти асосӣ, дар маҳфили ҳаваскорони санъати омӯзишгоҳ иштирок мекард ва дере нагузашта миёни сарояндагону раққосони ҳаваскор шинохта шуд. Соли 1936 дар шаҳри Сталинобод озмуни толибилмони омӯзишгоҳҳои мусиқӣ дар бахшҳои пианинанавозӣ, скрипка, рақс, сурудхонӣ баргузор гардид, ки Лутфия Зоҳидова рақси миллии “Липар”-ро бо маҳорати баланд иҷро карда, ғолиб омад. Дар ин чорабинӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (...
Занон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Матбуот

Занон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони оқилу фарзонаи тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони бонангу номус, худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзанда доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми за...
Гуле дар рухи моҳтоб
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Гуле дар рухи моҳтоб

Мастона Восиева аз зумраи он шахсонест, ки дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ тарбият ёфта, муқаддамтарину муқаддастарин неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ӯ муҳаббати беандоза доштан нисбат ба Ватан – Модар аст. Ӯро падару модари соҳибхираду бомаърифат дар муҳити созгору осоишта бо сад орзую умед ба камол расонда, дар дилаш меҳнатдӯстиву рафоқат  парвариш намудаанд... Падараш хизматчии давлатӣ Гадоӣ Восиев шахси донишманд буд. Ӯ дар вазифаҳои раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор кардааст. Фарзанди яккаву ягонаи хонадон Мастонаи нозанинро ҳамчун гуле дар рухи моҳтоб парвариш карда, ҳамеша ба илмомӯзиву меҳнатдӯстӣ талқин менамуд. Аммо, сад афсус, ки самараи...
Бонуи ҳайкалтарош
БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Бонуи ҳайкалтарош

1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар саҳни бинои «Кохи матбуот» бо иштироки аҳли адаб парда аз рӯйи нимпайкараи нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим (1905-1942) бардошта шуд. Банда ҳам дар ин маросим ҳузур доштам. Вақте эълон карданд, ки ин нимпайкараро як бонуи ҳунарманд офаридааст, ҳайратзада шудам... Эътирофи устодон Ба нимпайкараи Ҳаким Карим аксари аҳли адабу фарҳанги кишвар, аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Ислом, профессори Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, устодони Донишгоҳи Фарғона Фарҳод Исомиддинову Масъуди Мирзо ва дигарон баҳои баланд дода, дасти офарандаи он бону Мунир...
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ

Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад

18 апрел дар доираи баррасии масъалаи «Мусоидат ба баробарии гендерӣ ҳамчун ҳадафи рушди устувор» дар шаҳри Душанбе мулоқоти занон-роҳбарони воҳидҳои сохтории Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Бо ин мақсад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Сенати Кумита оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерии Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Гулнора Маруфова барои иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва анҷом додани мулоқот бо занони тоҷик ба Тоҷикистон омад.Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири фарҳанги Ҷумҳурии ...