АСОСӢ

ДАР УЗБЕКИСТОН «РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН» ИФТИТОҲ ГАРДИД
АСОСӢ, Хабарҳо

ДАР УЗБЕКИСТОН «РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН» ИФТИТОҲ ГАРДИД

Аз 23 то 25 март дар Қасри миллии санъати кинои Узбекистон чорабинии фарҳангии «Рӯзҳои кинои Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ин барнома бо ҳадафи муаррифии синамои тоҷик ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар доир мешавад. Дар доираи ин рӯзҳо чанд филми тоҷик, ки ҳаёти воқеӣ, сарнавиштҳои инсонӣ ва мавзӯъҳои иҷтимоиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд. 24 март маросими ифтитоҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи кинои ду кишвар, аз ҷумла директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок карданд. Шӯҳрат Ризоев, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни суханронии худ гуфт, синамои узбеку тоҷикро дугоник номи...
Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ»

Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони наслҳои гуногун доир ба нақши адабиёт дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвар андешаҳои худро баён намуданд. Қироати шеър, муаррифии осори адабӣ ва табодули афкор ба нишаст шукуҳи хос бахшид. Иштирокдорон Наврӯзро ҳамчун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии пойдор миёни халқҳо васф намуда, бар густариши робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд. Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинии адабӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон доир гардид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мулоқот бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯз,18-уми марти соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир- Бобозода Фаридун Толибҷон бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, аз 23 то 28 марти соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин Бозиҳои Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Вазорати фарҳанг бо таваҷҷуҳ ҷиҳати иштирок дар чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби мутахассисони варзида ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии соҳа таъсис дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин аз ин ш...
СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА» 
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА» 

Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот маҷаллаи "Фирӯза" бо "Сипоснома"- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Сипосномаро муовини вазири фарҳанги кишвар Давлат Сафар ба сармуҳаррири маҷалла Саидзода Мавҷуда супорид. Ёдовар мешавем, ки тибқи назарсанҷие, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронид соли 2025 маҷаллаи "Фирӯза" беҳтарин маҷаллаи соли 2025 эътироф гардида буд.
СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА

Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳар як рӯзноманигор, аҳли қалам ва корманди соҳаи ит- тилоот на танҳо ҷашн, балки фурсати андеша, бознигарӣ ва худшиносӣ мебошад. Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хоса ва марҳалаи муҳимми таърихӣ, - дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷашн гирифта мешавад. Сию панҷ сол қабл халқи тоҷик бо эъломи Истиқ- лол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона башорат дод. Дар ин раванд, матбуот ва умуман, воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ бозида, ҳамчун омили муҳимми ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат карданд. Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ма...
НИШОН МУБОРАК!
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

НИШОН МУБОРАК!

Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамкори мо, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи "Фирӯза" Муҳиддин Олимов бо Нишони сарисинагии "Аълочии матбуоти Тоҷикистон" қадрдонӣ шуд. Ин нишонро Муҳиддин аз дасти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гирифт. Аҳли эҷоди маҷаллаи "Фирӯза" Муҳиддин Олимовро бо ин дастовард муборакбод мегӯянд.
ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН

Хонандагони азизи маҷаллаи “Фирӯза”! Имрӯзҳо шумо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, дар даврони рушди технологияи навини чопӣ, шумораҳои мусаввар ва муҷаллали маҷалларо ба даст гирифта, шояд фикр намекунед, ки он 94 сол қабл чӣ гуна ва дар чӣ шароите чоп мешуд? Ва чӣ роҳҳои пурпечутобро ин маҷалла пушти сар кард? Оё медонед, ки маҷалла 10 сол аз нашр бозмонда буд ва бо шарофати як бонуи дилсӯз чопи он дубора ба роҳ монда шуд...Шумораи нахустини маҷаллаи “Фирӯза” таҳти унвони “Бо роҳи ленинӣ” соли 1932 нашр шудааст. Муҳаррири нахустини маҷалла Ортиқбоева мебошад, ки мутаассифона ҳанӯз дар бораи ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест. Маҷалла бо ҳамин унвон то соли 1941, яъне то оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр ме- шуд, вале бо оғози ҷанг, ба далели ҳазф шудани буҷети соҳаи табъу нашр чопи...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Тоҷинисо Саидова сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъат, ҳамдардии амиқ баён менамояд.  Саидова на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарпешаи асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд. Тоҷинисо Саидова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006), 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Теат...
РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!
АСОСӢ, Хабарҳо

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Тамоми дору дарахтони рӯйи Замин, Агар ба дасти нависандагон қалам гардад, Шавад сиёҳӣ агар оби чашмаву дарё Ва барги дору дарахтон агар шавад дафтар В-агар навишта шавад дар ситоиши МОДАР, Шавад тамому сухан нотамом монад боз. Дуруст фармуда шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир. Воқеан, барои баёни бузургии Модар вожагон оҷиз мемонанд. Зеро Модар бузургтарин офаридаи Худованд аст, ки биҳиштро зери қадамҳои ӯ гузошта... Модарони азиз, маҷаллаи “Фирӯза” 94-сол аст, ки аз бузургии Шумо менависад ва васфи дастовардҳои Шуморо мекунад. Дар остонаи фасли баҳору Ҷашни Наврӯз Рӯзи фархундаи Модарро ба якояки Шумо шодбош мегӯем! Дуо мекунем, ки табассум аз лабонатон, осоиш аз хонадонатон, баракат аз дастархонатон кам мабод! Бо эҳтиром аҳли қалами маҷаллаи "Фирӯза"...