АСОСӢ

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар доираи тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд имрӯз (29-уми март) мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳамтои худ-Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон - Мамбеталиев Мирбек Кемелович доир гардид. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯсту ҳамсоя -Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд. Инчунин, вобаста ба баргузории фестивалу форумҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои муштарак ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
«ЧАКАН»  — ЗОЛОТОЕ НАСЛЕДИЕ ТАДЖИКИСТАНА
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ

«ЧАКАН» — ЗОЛОТОЕ НАСЛЕДИЕ ТАДЖИКИСТАНА

Национальная одежда – это зеркало культуры! Национальная одежда – это не просто набор тканей и узоров. Это живая история народа, его традиции, верования и ценности, воплощенные в материальной форме. Она является неотъемлемой частью культурного наследия и играет важную роль в сохранении национальной идентичности. Каждый элемент национального костюма имеет свою историю и символическое значение. Цвета, узоры, фасоны – всё это несет информацию о происхождении, социальном статусе, роде деятельности и даже мировоззрении человека. Например, в некоторых культурах красный цвет символизирует радость и жизненную силу, а белый – чистоту и невинность. Традиции ношения национальной одежды передаются из поколения в поколение, сохраняя связь времен и поколений. Это не просто следование моде, а вы...
Роҳ ба сӯйи камол
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Роҳ ба сӯйи камол

Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз маъмурияти мактаб ба Сафармоҳ супориш доданд, ки сенария омода намуда, баъди дарсҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ барномаи идонаро машқ кунад. Сафармоҳ зуд аз пайи кор шуд, зеро ӯ ҳамчун омӯзгори фаъолу ташкилотчӣ дар ҳамаи ҷашнҳои мактабӣ саҳмгузор аст... Сафармоҳ Буракова соли 1999 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ соли 2017 баъди хатми мактаби миёнаи №3 тибқи квотаи Президен­тӣ ба факултети педагогикаи ДДОК ба номи А. Рӯдакӣ дохил шуд. Азбаски орзуҳои ҷавонияш амалӣ шуданд, зуд бо ҳамсабақон унс гирифта, аз пайи омӯзиш шуд. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол нишон дода тавонист. Мудом дар чорабиниҳо ва озмунҳо иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мешуд ва аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қ...
Аввалин  рӯзноманигорзани тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Аввалин рӯзноманигорзани тоҷик

Музаффара Қосимова яке аз аввалин бонувони қаламкаши тоҷик мебошад, ки дар матбуот фаъолият кардааст. Ӯ дар саргаҳи таъсиси маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза») қарор дорад. Роҳи тайкардаи ӯ барои имрӯзиён намунаи ибрат буда, кору пайкораш аз дифои ҳуқуқу озодии занон ҳикоят мекунад. Мавсуф 5 майи соли 1907 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абдуллоҷон Абдухолиқов, шоир ва хаттоти машҳури Самарқанд таваллуд шудааст. Музаффара ҳамроҳи бародаронаш Рашид ва Ғанӣ Абдулло дар мактаби усули нави форсии тоҷикии Абдуқодири Шакурӣ таҳсил намудааст. Дар 18-солагӣ ҳамроҳи ҳамсараш Абдуҳаким Қосимов, дастпарвари Дорулфунуни коммунистии халқи Шарқ, барои таҳсил ба омӯзишгоҳи меҳнаткашони шаҳри Москва рафт. Бо ғалабаи ҳокимияти шуроӣ муҳити зиндагии одамон тағйир ёфта, аллакай, тоби...
Олиҳаи зиндагӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Олиҳаи зиндагӣ

Модар вожаест дилнишину беинтиҳо, азаматест нотамом, дарёест бекарон, зеботарин ва боарзиштарин ҳадяи осмонист. Азизтарин сарват, беҳтарин ормон, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру зиё мебахшад. Модар арзандатарин ҳастии ҳаёт, фариштаи заминӣ, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, беҳтарин пушту паноҳ, қуввату мадори дилҳои нотавон аст. Хуршед ниҳам номи туро ё ки ҷаҳонтоб, Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст, Бар гуш расад аз ту садои хушам он рӯз, Эй хуш бувад он рӯз садоят ба танин аст. Олами ҳастӣ бе шакк аз меҳру муҳаббати модар ҳаваси гардишро бар худ раво донистааст. Ишқи самимӣ, меҳри амиқ, муҳаббати асили модар ба фарзанд бузургии ӯро собит месозад. Зан–Модар тараннумгари садоқат ба Ватан, вафодорию дилбастагӣ ба ҳисоб меравад, ки шоирону адибони ҷаҳонӣ, ба хусус...
Шуои шабафрӯз
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Шуои шабафрӯз

Сар ба оинаи тайёра ниҳода, лаҳзаҳои бо ту буданамро варақ мезанам. Дар назарам бо канда шудани чархҳои тайёра аз замин ба осмон парвоз мекунам ва бо рӯҳи малакутии ту, Модар дар фазои беолоиш аз гуноҳу фасод, ҳамбол мегардам. Кошки, ин парвоз охир намедошту бо ёди ту дар ҳаво муаллақ мемондам. Ҳамеша дар зиндагӣ аз ҳамин лаҳзаи ҷудоӣ тарс доштам ва ба худ тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе ту ҳам мисли дигар Модарон моро тарк хоҳӣ кард. Медонистам, ки инсон миранда аст, вале бо рафтани ту аз ин дунё бо ин бузургӣ кам бовар доштам… Аз синни хурдсолӣ байни ҳамсолони худ ҳамеша аз ту ифтихор доштам, чунки ту аз занони дигари деҳ тафовути зиёде доштӣ. Фарқияти туро дар сухандониву босаводият, кордониву поктинатиат эҳсос мекардам, ба назарам тамоми китобҳои чопшудаи дастрас кардаа...
Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври васеъ дар қонунгузории кишвар инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус, масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин, ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавӣ ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. "Ҷомеае, ки ба Зан–Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан–Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад". Эмомалӣ Раҳмон Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлоли давлатӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину ба...
Бемории қалб  ва роҳҳои пешгирии он
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Бемории қалб ва роҳҳои пешгирии он

Солҳои охир аксарият аз бемории қалб шиква мекунанд. Табибон бемориҳои марбут ба дилу рагҳоро бо вайрон шудани кори муққарарии дил пайванд медонанд. Барои пешгирии бемориҳои қалб ва солим нигоҳ доштани он суҳбате дорем бо табиби қалбшинос Тоҷинисо Хушмаҳмадова. Даричаи ошноӣ Хушмаҳмадова Тоҷинисо Олимхоновна соли 1988 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм кардааст. Солҳои 2012-2013 интернатураро бо ихтисоси кардиолог дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои даруна ба итмом расондааст. Аз соли 2013 то ҳол ҳамчун табиби бемориҳои қалб кору фаъолият дорад. –Ба хонандагони маҷаллаи “Фирӯза” дар б...
Сайри ширбадан
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Сайри ширбадан

Эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Сад­риддин Айнӣ қомусе аст, ки дар он ҳамаи паҳлуҳои зиндагии миллати тоҷик инъикос гардидааст. Аз ҷумла дар асарҳои устод дар мавриди ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, таърих ва моҳияти он, анъанаҳои таҷлили ин ҷашн дар охири асри XIX ва аввали асри XX маълумоти арзишманд дода шудааст. Аз асарҳои устод Айнӣ бармеояд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни баҳору Соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни миллии тоҷикон, марҳилаҳои гуногунро пушти сар карда, алорағми монеъаҳо, ба ҳастии хеш идома бахшидааст. Устод Садриддин Айнӣ дар бораи ҷашни фархундаи Наврӯз дар асарҳои бадеӣ, мақолаҳои публитсистӣ, асари илмии «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва дар шоҳасари «Ёддоштҳо» маълумот додааст. Ҳамчунин, васфи баҳору нав­рӯзи оламафрӯз дар ашъори ...