Рассоми маъруфи олмонӣ Гюнтер Уэкер аввалин рассоми аврупоист, ки дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор мекунад. Беш аз 40 асари нодири санъати тасвирие, ки ба эҷодиёти шоири бузурги тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудаанд, 5 май дар намоиши байналмилалии асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер, ки таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар намоиши «Хотира аз Ҳофиз» ду осори санъати ороишӣ-амалӣ: ҳайкалчаҳои биринҷӣ бо номҳои «Китоби болишт» ва «Нон», ки аз ҷониби муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер дар солҳои гуногун офарида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер шефтаи ашъори Ҳофизи Шер...