Рисолати шаҳрвандӣ
Дар шароити ҷаҳони муосир падидаву зуҳуротҳои номатлуб ва равандҳои номуносибе зуҳур кардаанд, ки боиси азбайнравии давлатҳову кишварҳо гашта истодааст. Яке аз ин зуҳуроти хавфнок ва доғи рӯз коррупсия ё худ фасоди молиявӣ мебошад.
Таҳлилҳои кишварҳои буҳронзадаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки ҳамин вабои аср, яъне коррупсияро нодида гирифта, сабаби заволи давлатдорӣ ва ҳатто нестшавии бисёре аз кишварҳо гардидааст.
Воқеан, коррупсия ва омилҳои ба коррупсия алоқаманд барои рушди иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини волоияти қонун ва пешрафти ҳар як кишвари соҳибистиқлол монеа эҷод карда, нобоварӣ ва бенизомиро ба вуҷуд меорад. Ин аст, ки ин падида имрӯз яке аз масъалаи асосии байналмилалӣ буда, ҷиҳати коҳиш додани он талошҳои дастаҷамъона амалӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад, ...









