Изҳори тасаллият
Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати раққоса ва балетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987) Гавҳар Мирҷумъаева сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъат, ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Гавҳар Мирҷумъаева на танҳо ҳунарманди барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин санъаткори асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
Гавҳар Мирҷумъаева c. 1979 шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. С. 1957 дар Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студен...









