АСОСӢ

Нигини саҳнаи тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Нигини саҳнаи тоҷик

Яке аз падидаҳои баёдмонданӣ ва муҳимми фарҳангӣ дар соли 2024 таҷлили 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ва ҳунарнамоии сарояндаи номвари тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амонқулова дар консерти бошукӯҳе буд, ки имрӯзҳо вирди забони форсигӯёни олам аст. Нигоҳе ба “Гули сурх” Тобистони соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО – шаҳри Пориси Фаронса, 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо иштироки олимону донишмандон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амон­қулова дар консерти бошукӯҳе, ки бо Оркес­три симфо­нӣ таҳти роҳбарии Ораши Фӯлодванд дар ҳамовозӣ бо овозхонҳо Ваҳиди Тоҷ ва Соро Ноилӣ аз эҷодиёти Мавлоно сурудҳоро дар сатҳи баланд ...
Насаби миллӣ –  ифтихори миллӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Насаби миллӣ – ифтихори миллӣ

Ному номгузорӣ яке аз рукнҳои маънавию миллӣ дар ҳар ҷомеаву тоифаҳо ва халқияту миллатҳост, ки ин арзишу анъанаи миллӣ миёни мардуми мо худ як суннати фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, чӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва чӣ аз мояи фарҳангиву ҳунари эшон муравваҷ гардидааст. Хушбахтона, бо заҳматҳои мутахассисон ва фаъолияти таҳлиливу коршиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ оид ба номҳои миллии тоҷикӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (аз 27-уми июли соли 2016, №325) ба тасвиб расида буд, ки баъди бознигарӣ бо қарори ҲҶТ аз 2-юми марти соли 2023, № 83 Замимаи номҳои миллии тоҷикӣ ба фарзандон дар таҳрири нав тасдиқ гардидааст. Замимаи қарори мазкур 3652 номи хушоянду дилписанд ва пурмаънои тоҷикиро дар бар мегирад, ки аз ин шумо...
Панҷ панҷааш ҳунар
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

Панҷ панҷааш ҳунар

Гулҷаҳон Давлатова яке аз занҳои ҳунарманди ноҳияи Темурмалик бо ҳисоб меравад. Ӯ ҳанӯз аз давраи ҷавонӣ ба касби дӯзандагӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳамин аст, ки ин пешаро аз худ намуда, ба ин васила ҳам нон ёфту ҳам ном. Дар баробари ин, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки имрӯзҳо дар хизмати мардум ҳастанд. Гулҷаҳон мегӯяд, ки ҳунарманд дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Касби модар Гулҷаҳон дар оилаи серфарзанд таваллуд шуда ба воя расидааст. Азбаски духтари калонии хона буд, ба модар барои нигоҳубини додару хо­ҳарак­о­наш ёрӣ мерасонид. Модараш баъди анҷоми корҳои хона ба назди мошинаи дастӣ нишаста ба духтани курта, курпача ва дигар чизҳои лозима машғул мешуд. Гулҷаҳон ба дарзу дӯзи модар зеҳн монда, ҳар дафъа мехост асроре аз ин олами ҳунар кашф намояд ва ӯ бо ин кунҷкоби...
Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Забони миллат –  ҳастии миллат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Забони миллат – ҳастии миллат

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Эмомалӣ Раҳмон Сарнавишти забони тоҷикӣ Ташаккули забони адабӣ дар ҳар як мамлакат ҳамчун як раванди бузурги ғановати бойгонии давлат маҳсуб мегардад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мустаҳкамии пояи нигаҳдории забони адабии форсу тоҷик ҳамчун тимсоли ногусастание байни фарҳанг ва тамаддуни соҳибзабонон муаррифӣ шуда, давоми солҳои пурошӯбу давлатдории ҳукамо натавонистанд, ин забон ва таърихи пайдоиши онро аз байн бубаранд. Ҳанӯз дар замони сулолаи шоҳ Исмоили Сомонӣ забони адабии форсу тоҷик ба мақоми забони давлатӣ шинохта шуда, тамоми адабиётҳои илмию таърихӣ, сиёсиву иҷтимоӣ бо ин забон ва хати арабиасос рӯйи сабт омада буданд. Гувоҳии ин гуфтаҳо асарҳои безаволи намояндагон...
Занон дар партави Истиқлол
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Занон дар партави Истиқлол

Даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мардуми сарбаланди мо, бахусус барои мо бонувон, давраи саъйу кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи Истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Бузурге фармудааст: “Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд”. Ин нуктаро мо дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар мавриди дастгирии занону бонувон ба хубӣ мушоҳида мекунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданашон ба рисолати созандаи мо занон боварии комил дошта, мақому манзалати Зан-Модарро дар ҷомеа баланд бардоштанд. Пешвои миллат дар яке аз суҳбатҳояшон таъкид намуданд, ки “Ҷомеае...
Бонувон дар меҳвари Паём
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Бонувон дар меҳвари Паём

  Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Эмомалӣ Раҳмон Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромии кишвар ва тараққиёти босуръати Тоҷикистони азиз ироа гардид. Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат дар қатори дахл намудан ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар оиди нақшу манзалати Зан-Модар махсус истода гузаштанд. Қайд карданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми Зан–Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гу...
Баррасии  баргузории намоиши рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Баррасии баргузории намоиши рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон

6-уми март Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони Ташкилоти санъат ва фарҳанги байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Афшин Дерамбахш ва Тилл Брекнер мулоқот намуданд. Қобили қайд аст, ки дар ин мулоқот баррасии масъалаи баргузории намоиши рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон сурат гирифт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон