АСОСӢ

Аёдат ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар»
АСОСӢ, Хабарҳо

Аёдат ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар»

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар ба хонаи Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ташриф оварда, ин бонуи ҳунарро бо иди фархунда табрик намуданд. Дар рафти суҳбат саҳми арзандаи Раҷабгул Қосимова дар рушду пешрафти санъати театрии тоҷик ва тарбияи насли ҷавони ҳунармандон таъкид гардид. Ба ҳунарманди гиромӣ саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нав дар ҷодаи ҳунар орзу карда шуд. Раҷабгул Қосимова низ барои чунин таваҷҷуҳ ва эҳтиром аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ҳамаи модарони кишвар сулҳу осоиш ва хушбахтӣ таманно намуданд....
«Рӯзи модар»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Рӯзи модар»

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ҷиҳати истиқбол аз "Рӯзи модар" чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва занону бонувон аз муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар идораҳои давлатӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғоз аз ҷониби устодон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давалатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши рассомӣ, ки таҷҷасумгари симои олиҳаи ҳаёт зан-модарро инъикос менамуд, маърази тамошобинон қарор гирифт. Дар чорабинии мазкур вазири фарҳанг суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати "Рӯзи модар" табрику таҳният гуфтанд. Сипас аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи дава...
Боздид аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг
АСОСӢ, Хабарҳо

Боздид аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг

2-юми марти соли 2026 роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва шахсони масъул аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг дидан намуданд ва бо сохтмончиён оид ба иҷрои босифати корҳо сӯҳбат анҷом доданд. Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2024 оғоз ёфта, бо маром идома дорад. Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат аст. Он бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад. Маркази матбуот Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Боздид аз «Театри миллӣ»
АСОСӢ, Хабарҳо

Боздид аз «Театри миллӣ»

2-юми марти соли 2026 гурӯҳи корӣ аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Вазири фарҳанг-Сатториён Матлубахон Амонзода, муовинони вазир ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳо инчунин дигар сардорони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг доир ба иҷрои супоришҳои роҳбарияти давлат дар “Театри миллӣ” ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаи мазкур, ҷаласаи корӣ доир намуда, инчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ шинос гардиданд. Маркази матбуот Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА

Имрӯз ҳамкори азизи мо Сарвар Урозова зодрӯз дорад. Номбурда аз зумраи рӯзноманигорони содиқ ба касби худ аст, ки беш аз 20 сол аст, дар маҷаллаи "Фирӯза" кору фаъолият мекунад ва аз рӯзгори бонувони фаъоли кишвар ва дастовардҳои зани замони Истиқлол менависад. Ӯ ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар инъикоси чорабиниҳои давлатӣ, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби либос ва таомҳои миллӣ пешсаф мебошад. Хизматҳои Сарвар Урозова аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. Сарвар Урозова миёни ҳамкорон низ маҳбубияти хоса дорад, ӯро ҳамаи ҳайати эҷодӣ ...
Муовини нави Вазири фарҳанг муаррифӣ гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Муовини нави Вазири фарҳанг муаррифӣ гардид

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода муовини нави Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид, муаррифӣ намуд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини навтаъин Бобозода Фаридун Толибро ҷиҳати таъин гардидан ба вазифаи муовини Вазири фарҳанг таҳният намуда, ба фаъолияти манбаъдаашон барору муваффақият таманно намуданд. Масъулияти навбатӣ муборак, Бобозода Фаридун Толиб!...
Мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати фарҳанг
АСОСӢ, Хабарҳо

Мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати фарҳанг

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Сардори шуъбаи аудити дохилӣ - 1ҷой - таҳсилоти олии касбии олии иқтисодӣ; 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сардори раёсатро ба танзим медароранд; - донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон; -малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; ...
ФАРҲАНГ ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ
АСОСӢ, Хабарҳо

ФАРҲАНГ ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои фарҳанги тоҷик» Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму фарҳанг Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои фарҳанги тоҷик» баргузор гардид. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки нишасти имрӯза бо мақсади муайян намудани самтҳои таъмини ҳамгироии фарҳанги миллӣ ба фазои муосири фарҳангии ҷаҳон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги замони истиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, арзишҳои таърихию забо...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар расман ифтитоҳ ёфт
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар расман ифтитоҳ ёфт

Дар ин маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатарро самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии кишварҳо буда ин иқдом заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ мегардад. Қобили қайд аст,ки вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар ин барномаи пуршукӯҳи консертӣ иштирок намуда, ба фарҳангу санъати бою рангини тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Зебо” ва “Парасту” , ки дар сатҳи баланди касбӣ ба саҳна гузошта шуданд, пешниҳод гардида, истиқболи гарму самимӣ ёфт. ...
ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ

ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР

Рӯзгору сарнавишти инсонҳои нексиришту дарёдил, ки ҳама шебу фарози зиндагиро бо сабуриву таҳаммул пушти сар намудаанд, дар пайроҳаи рӯзгор сабақи бузург ба шумор рафта, насли имрӯзро мебояд аз он дарси ибрат омӯзанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуби мо оилаҳои намунавӣ бешумор буда, ҳаёту қисмати онҳо сарчашмаи ифтихори наслҳои оянда ба шумор мераванд. ХОНАВОДАИ МУАЛЛИМ Истаравшан аз зумраи шаҳрҳои қадимии меҳан ба шумор рафта, бо урфу одат ва анъанаҳои аз ниёгон ба мерос монда, маҳбубу машҳур гаштааст. Фарзонафарзандони ин мулки бостонӣ бо кору амали созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми сазовор гузошта, аз худ номи нек ба ёдгор мондаанд. Достони хонаводаи номдори ин диёрро варақгардон мекунем... Омӯзгор Раҳимҷон умри хешро ба...