Иштирок дар Фестивали асал, анор ва картошка дар вилояти Суғд
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд.
Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад.
Ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои зарбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст.
Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, балан...









