АСОСӢ

Ширу шакар бо Муродӣ
АСОСӢ, Дохилӣ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Ширу шакар бо Муродӣ

“Маҳфили маърифат” - бо ин унвон шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ ба гунаи ширу шакар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд.  Дар ин маҳфили рангин Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор баён дошт, ки устоди Алимуҳаммад Муродӣ замини Тоҷикистон аст, чунки аз миёни ҳама қаламкашони миллат танҳо Муродӣ бо замин пайваст ва аз он самар баркашид. Зикр гардид, ки Алимуҳаммад Муродӣ аз шоирони асили ватансарост, ки дар тору пудаш эҳсоси ватандориро талқин мекунад. “Маҳфили маърифат” бо ҳузури қаламкашони шинохта, шоирон, аҳли адаб, ҳунармандон ва мухлисону алоқамандони сухани волои шоир баргузор гардид. Алимуҳаммад Муродӣ фармуда: Зиндагиро ранҷ додам шаст сол, Офарин бар тоқаташ таркам накард. Дар маҳфили мазкур ё ...
ДИҚҚАТ! ОЗМУН!
АСОСӢ, Дохилӣ, Матбуот, Озмунҳо, Хабарҳо

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рўзноманигорон “Озмуни ҷумҳуриявии рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин” – ро эълон менамояд. Довталабон метавонанд, аз рўзнома ё маҷаллаи давлатию мустақили солҳои 2024 - 2025 дар ҷумҳурӣ нашршуда, ба тариқи интихобӣ (аз маҷалла 5 шумора 1 нусхагӣ, аз рўзнома 10 шумора 1 нусхагӣ) бо ариза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Ғолибон дар се номинатсия (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ/шаҳриву ноҳиявӣ, соҳавӣ) бо ҷойҳои I, II, III ва мукофоти пулӣ (3000, 2000 ва 1000 сомонӣ) қадрдонӣ мегарданд. Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо 1 декабри соли 2025. ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маълумоти муф...
Конференсияи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Конференсияи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 20.08.2025 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Конференсияи "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якуми солҳои 2021-2030" бо иштироки васеи кормандони муассисаҳои театрию консертии зерсохтори Вазорати фарҳанг баргузор гардид.  Дар Конференсияи мазкур Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Диловар ва нозири раёсат Ҳамдамзода Садриддин вобаста ба мавзӯъи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия маърӯза намуданд. Дар анҷом бо чанд барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҷамъомадагонро бо...
Барномаи консертии ҳунармандони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»
АСОСӢ, Хабарҳо

Барномаи консертии ҳунармандони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»

Шоми 20-уми августи соли равон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ҳунармандони Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикон ҳамдардии амиқ баён менамояд.  Гуландом Сафаралиева на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин санъаткори асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд. Бояд ёдрас шуд, ки ин бонуи ҳунар беш аз чил сол дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, зиёда аз 70 образи хотирмон офаридааст. Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморест, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш бозидааст. Ҳунари в...
Мулоқоти расмӣ бо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Мулоқоти расмӣ бо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз, 30-юми июли соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти расмӣ бо ҷаноби Исмоил Бағоӣ — сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳким ва густариши робитаҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногуни фарҳангӣ таъкид карданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои татбиқи барномаҳои муштараки фарҳангӣ, табодули ҳайатҳои фарҳангиву ҳунарӣ, баргузории намоишгоҳу чорабиниҳои муштарак ва тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созишномаҳои мавҷуда иброз доштанд. Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, ба таҳкими бештари муносибатҳои фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи мусоид фароҳам овард. ...
ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Матбуот, Хабарҳо

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Субҳи имрӯз, 21 июн дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Вазири фарҳанг Амонзода Матлубахон Сатториён ба намояндагони ВАО-и кишвар доир ба фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи аввали соли 2025 маълумот дода, ба суоли хабарнигорон посух гуфт. 📝Дар зер маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли 2025, ки дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби вазир ироа гардид, манзури Шумо мегардад: 📝Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 фаъолияти худро дар самти татбиқи сиёсати давлатии фарҳанг идома дода, барои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳангӣ, таҳкими сиёсати фарҳангии давлат, эҳё ва рушди мероси ғайримоддӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин дастгирии ҳунармандону муассисаҳои ...
Навиди фарҳангӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Хабарҳо

Навиди фарҳангӣ

Имрӯз 12 июли соли 2025 дар Ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж аз 6 то 16-уми июл идома мекунад, парвандаи «Хуттали Қадим» расман тасдиқ шуда, ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт. Парвандаи «Хуттали Қадим» фарогири 11 ёдгории таърихӣ фарҳангӣ ва бостоншиносии вилояти Хатлон мебошад: Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа Ёдовар мешавем, ки корҳо дар самти таҳия намудани парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул барои омода намудани парвандаи мазку...
Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд. Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд. Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шу...
Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт. Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст. Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст. Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон а...