Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ»
Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони наслҳои гуногун доир ба нақши адабиёт дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвар андешаҳои худро баён намуданд. Қироати шеър, муаррифии осори адабӣ ва табодули афкор ба нишаст шукуҳи хос бахшид. Иштирокдорон Наврӯзро ҳамчун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии пойдор миёни халқҳо васф намуда, бар густариши робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинии адабӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон доир гардид.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...










