Иштироки намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмиллалӣ
Дар доираи эълон гардидани шаҳри Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 бо иштироки вазирони фарҳанги кишварҳои узви ICESCO ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси маънавӣ ва шаклҳои баёни фарҳанги ҷаҳони Ислом: хаттотӣ, мусиқӣ, шеър ва ҳамбастагӣ» доир гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ва сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат Савриддин Саидзода намояндагӣ мекунанд.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни суханронӣ дар ҳамоиш қайд кард, ки Барномаи «Пойтахти фарҳанги исломӣ» ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва вижагиҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳанг...








