ЖУРНАЛ

СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА

Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳар як рӯзноманигор, аҳли қалам ва корманди соҳаи ит- тилоот на танҳо ҷашн, балки фурсати андеша, бознигарӣ ва худшиносӣ мебошад. Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хоса ва марҳалаи муҳимми таърихӣ, - дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷашн гирифта мешавад. Сию панҷ сол қабл халқи тоҷик бо эъломи Истиқ- лол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона башорат дод. Дар ин раванд, матбуот ва умуман, воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ бозида, ҳамчун омили муҳимми ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат карданд. Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ма...
ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН

Хонандагони азизи маҷаллаи “Фирӯза”! Имрӯзҳо шумо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, дар даврони рушди технологияи навини чопӣ, шумораҳои мусаввар ва муҷаллали маҷалларо ба даст гирифта, шояд фикр намекунед, ки он 94 сол қабл чӣ гуна ва дар чӣ шароите чоп мешуд? Ва чӣ роҳҳои пурпечутобро ин маҷалла пушти сар кард? Оё медонед, ки маҷалла 10 сол аз нашр бозмонда буд ва бо шарофати як бонуи дилсӯз чопи он дубора ба роҳ монда шуд...Шумораи нахустини маҷаллаи “Фирӯза” таҳти унвони “Бо роҳи ленинӣ” соли 1932 нашр шудааст. Муҳаррири нахустини маҷалла Ортиқбоева мебошад, ки мутаассифона ҳанӯз дар бораи ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест. Маҷалла бо ҳамин унвон то соли 1941, яъне то оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр ме- шуд, вале бо оғози ҷанг, ба далели ҳазф шудани буҷети соҳаи табъу нашр чопи...
ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ

ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР

Рӯзгору сарнавишти инсонҳои нексиришту дарёдил, ки ҳама шебу фарози зиндагиро бо сабуриву таҳаммул пушти сар намудаанд, дар пайроҳаи рӯзгор сабақи бузург ба шумор рафта, насли имрӯзро мебояд аз он дарси ибрат омӯзанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуби мо оилаҳои намунавӣ бешумор буда, ҳаёту қисмати онҳо сарчашмаи ифтихори наслҳои оянда ба шумор мераванд. ХОНАВОДАИ МУАЛЛИМ Истаравшан аз зумраи шаҳрҳои қадимии меҳан ба шумор рафта, бо урфу одат ва анъанаҳои аз ниёгон ба мерос монда, маҳбубу машҳур гаштааст. Фарзонафарзандони ин мулки бостонӣ бо кору амали созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми сазовор гузошта, аз худ номи нек ба ёдгор мондаанд. Достони хонаводаи номдори ин диёрро варақгардон мекунем... Омӯзгор Раҳимҷон умри хешро ба...
Фарҳанги либоси миллӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Фарҳанги либоси миллӣ

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа, сабаб дорад. Таърих гувоҳ аст, ки Зан ва Модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сарулибоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд. Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт...
Пайвандгари инсон  бо обу офтоб
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Пайвандгари инсон бо обу офтоб

«Дарвоқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд… Ин ойини бостонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардид ва мақоми умумимиллӣ гирифт».  Эмомалӣ Раҳмон Бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир эҳёи суннату ойинҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги мардумӣ ва пос доштани маънавиёти аҷдодӣ ба як унсури муҳимми сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Яке аз чунин анъанаҳои дерина ва дорои паёми муҳимми иҷтимоӣ, ки ҳамасола расман таҷлил мегардад, ҷашни Тиргон мебошад. Бар асоси банди 20-и «Ҷадвали баргузории Ҷашну солгард, ф...
Забони тоҷикӣ  дар замони истиқлол
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Забони тоҷикӣ дар замони истиқлол

Мо мардуми шарифи Тоҷикистонро даврони сию чор соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба дигаргуниҳои бузургу  бесобиқа насиб гардонидааст, ки амалисозии сиёсати Президент, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи забон, бавижа, забони давлатӣ аз зумраи талош ва дастовардҳои ин замон аст. Бе ҳеҷ шакку шубҳа месазад  зикр намуд, ки пешоҳанг ва ташаббускори ин ҳама иқдомҳои наҷибу созанда дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат дар як суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон таъкид мефармоянд: "Ҳоло дар даврони Истиқлол марҳилаи нави рушди забон оғоз шудааст. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ имрӯз дар ҷомеа дар мақоми забо...
Мамониятҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ тибқи қонунгузории муқовимат ба коррупсия
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ​

Мамониятҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ тибқи қонунгузории муқовимат ба коррупсия

Имрӯзҳо зуҳури падидаи коррупсия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба хатари ҷиддие табдил ёфта, он ба рушди мутаносиби давлату ҷамъият таҳриму монеаҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Дар замони муосир хавфу омилҳои коррупсионӣ дар шаклҳои нав ба нав зоҳир гашта, ба фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, баргузории чораҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёт халали ҷиддӣ ворид месозад. Табиист, ки пешгирӣ накардани сарчашмаҳои пайдоиши ин падидаи манфур ҳамаҷониба таъсири манфии худро расонида, дар ниҳоят ба поймол шудани ҳуқуқ ва коста гардидани боварии шаҳрвандон нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ оварда мерасонад. Зимнан муҳиммияти масъалаи мазкурро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо ва ди...
ИСТИҚЛОЛ  – АСОСИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

ИСТИҚЛОЛ – АСОСИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Имсол мардуми сарбаланди тоҷик 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил менамояд. Гарчанд ин муҳлат аз рӯйи ченаки таърихӣ на он қадар тулонӣ аст, вале дар давоми наздики севуним даҳсола дар мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳое ба сомон расонида шуданд, ки аз лиҳози моҳияти сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ арзиши садсолаҳоро дорад. Хоса, Истиқлоли давлатӣ ба мо истиқлоли фар­ҳангиро фароҳам овард, ки тавассути он мо на танҳо орзуву омол ва ормонҳои миллии хешро эҳё намудем, балки рушду таҳким бахшидем. Имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг ва соҳиб­маърифат мешиносанд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо оғози давраи нави давлатсозиву ху...
Иҷлосияи тақдирсоз
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Иҷлосияи тақдирсоз

Таърихи ҳар қавму миллат бо гузашти солу моҳ рӯйдодҳои муҳимму тақдирсозеро сабт менамояд, ки метавонанд барои халқу миллат фоҷиабор ва ё бахшандаи саодату иқбол бошанд. Натиҷаи оғозу анҷоми чунин рӯйдодҳою пайомадҳо муайянкунандаи сарнавишту тақдири минбаъдаи халқу миллатанд. Дар сарнавишти миллати тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъват намудани қувваҳои солими ҷомеа ба мубориза баҳри ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои ягонаи давлату миллат, пойдор намудани адолату қонуният ба хотири таҳкими давлат ва истиқлолият нақши барҷаста дорад. Ҳодисаҳои дар кишвар рухдодаи аввали солҳои 90-ум як қатор омилҳои номатлуберо ба бор овард, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва парокандашавии миллати тоҷиконр...