ЖУРНАЛ

Тарбияи ватандӯстӣ —  асоси пойдории меҳан
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Тарбияи ватандӯстӣ — асоси пойдории меҳан

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки бо ташаббуси Раиси муҳтарами Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 24 декабри соли 2022 рӯйи кор омадааст, хеле мубрам ва саривақтӣ маҳсуб меёбад, хоса дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб ва ҳассосу манофеи абарқудратҳо жарфтар гаштааст ва раванди ҷаҳонишавӣ ва чолишҳои иттилоотӣ муқаддасоти миллатҳоро дар ҳоли мунтазам ба коми хеш кашидан дорад, маҳз, қабули ин қонуни миллӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ мебошад. Сармоягузориҳои бамаврид дар роҳи пиёдасозии таъсиргузориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон аз тарафи абарқудратҳо имрӯз наметавонад кафолати мавҷудияти низому амният ва якпорчагии билкул давлат бошад, чун дар ин мисол таҳриб ёфтани баъзе давлатҳои ободу пешраф...
Ҷавҳари ҳастӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ҷавҳари ҳастӣ

Муҳимтарин сарчашмаи рушди ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, иттиҳод ва истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад. Ҳаводиси сиёсии охири асри ХХ собит намуд, ки бе ваҳдати комил на танҳо рушд ва пешрафти кишвар ба даст намеояд, балки эҳтимоли аз байн рафтани давлати миллӣ ба миён меояд. Ваҳдати миллӣ ин натанҳо иттиҳоду ягонагӣ, балки омили асосии ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва унсур­ҳои волои миллӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зимаи хеш гирифта, манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ боло гузошта, барои ба даст овардани ризоият ва сулҳу ваҳдати миллӣ муваффақ гардиданд. Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон имрӯз на танҳо дорои ...
ПАЙКИ СУЛҲ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Президент

ПАЙКИ СУЛҲ

Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Раҳи фархундагиву сарбаландӣ аст роҳи мо, Раҳи уммеди мушкилнописандӣ аст роҳи мо, Мақому манзалат андар баландӣ аст роҳи мо, Заволу сарнагуни мустамандӣ аст роҳи мо. Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан пайванд, Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан дилбанд. Зиҳӣ, эй Сарвари воло, Ки ин миллат туӣ, Меҳан туӣ, эй қалъаи номуси побарҷо, Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо! Давлат Сафар...
ШАҲЗОДА ХАТУН  – БОНУ БУХОРХУДОТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

ШАҲЗОДА ХАТУН – БОНУ БУХОРХУДОТ

Дар сафҳаҳои таърихи давлатдориву низомӣ, забону адаб ва фарҳанги таърихи миллати мо – тоҷикон дар баробари мардони номовари тоҷик, аз қабили Абумуслими Хуросонӣ, Рустами Дастон, Тоҳири Пӯшангӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Фаридун, Шоҳ Ҷамшед, Ораши Камонвар, Зардушт – паёмбари порсӣ, ҳамчунин, бонувони қаҳрамон кам нестанд. Дар саҳифаҳои таърихамон занони шуҷоъ ва қаҳрамону маърифатпарвари тоҷик дар қатори Робиаи Балхӣ – модари адабиёти тоҷикӣ-порсӣ, Султон Разияи Ғурӣ – шоҳи Ҳинд, ки тахминан 25 сол дар шабакаҳои Қораи Ҳинд ҳукумат дошт, Фараҳнози Балхӣ, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, 6 моҳ бар ҳифзи мардумаш ҷонфидоӣ кардаву зидди чингизиён ҷангида, қурбон шудааст, Зебуннисо – духтари шоҳ Аврангзеб, ки дар Ҳинд дар ҳавзаи тамаддунии мо бо дурри лафзи дарӣ ғаз...
Ганҷи маънӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ганҷи маънӣ

Як бахши муҳимми фарҳанги халқи тоҷикро санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ ташкил медиҳад. Беш аз ҳазор сол аст, ки суруду мусиқиҳои классикии тоҷикӣ равшангари ақлу дил ва шавқафзои маҳфилу базмҳоянд. Дӣ чангии ман ки базм равшан мекард, Дар замзама ӯ кори дили ман мекард. Дилҳо, ки зи чанги ӯ ба танг омада буд, Дар чанг фитода буду тан тан мекард. Амир Хусрави Деҳлавӣ Сарчашмаи навоҳои классикии мо сурудҳои «Хус­ра­вонӣ»-и асосгузори мусиқии классикии то­ҷикӣ Борбади Марвазӣ аст. Сесаду шаст оҳанги вобаста ба фаслҳои сол, ҳодисаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии мардуми ориёӣ эҷодкардаи ӯ олитарин осори санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ буданд. Навоҳои «Мушкдона», «Сарв андар сарв», «Моҳ дар кӯҳон», «Сарви саҳӣ», «Ганҷи гов», «Ганҷи сӯхта», «Ганҷи бодовард», «Шодирвони марворид»...
Гавҳораи муҳаббат
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Гавҳораи муҳаббат

«Дар олам нафаре нест, ки падару модарашро дӯст надорад, вале зиёданд онҳое, ки имкон надоранд бигӯянд: «Модарҷон ё падарҷон, дӯстатон медорам!» Банда дар ҳамин андеша будам, азм доштам, дар бораи волидайнам роман нависам, вале рӯзе дар боғи марказии Бишкек қадам мезадаму ба худ андешидам, ки чаро ба дигарон имкон надиҳем, ки дар бораи падару модарашон нависанд. Ҳамин тавр, маҷмуаи «Гаҳвораи муҳаббат» пайдо шуд...» Ин суханонро нависандани тоҷики муқими Қирғизистон Шоистаи Равшан рӯзи 12 май дар толори «Русское прос­транство»-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия зимни рӯнамоии китоби «Гаҳвораи муҳаббат» – «Колыбель любви» ироа кард. «Гаҳвораи муҳаббат» маҷмуаи мақолаву ёддошт дар бораи волидайн аст. «Ин маҷмӯа, маҷмуаи муҳаббат аст. Муҳаббат ба волидайн. Мо дар зиндагӣ на ҳамеша б...
Дилбохтаи  шеъри тару зебоӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Дилбохтаи шеъри тару зебоӣ

Мактаби радиои Тоҷикистон як мактаби бузурги тарбияи кадрҳои шоиста аст. Дар давоми зиёда аз 95 сол дар ин боргоҳи сухан ва илму адаб садҳо ровӣ, рӯзноманигор, шоир, олим ва нависанда сабақ омӯхта ба камолоти маънавӣ расида, шуҳратёр шудаанд. Имрӯз мо аз номи неки Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Аминҷон Шукӯҳӣ, Маҳмуди Воҳид, Убайд Раҷаб, Сорбон, Баҳром Фирӯз, Иноят Насриддин ва дигарон, ки шогирдони ин мактабанд, ифтихор мекунем. Қаҳрамони мақолаи мо Аълочии телевизион ва радио, муҳаррири варзида, наттоқи дараҷаи олӣ Мағфират Зарифӣ ҳам дар ин мактаби овозадор касби камол кардааст. Ба олами рӯзноманигорӣ омадани Мағфират Зарифӣ бесабаб нест. Падару модари фазилатманду фарҳангдӯсташ, ки яке омӯзгору дигаре китобдор буданд, саъй карданд, ки фарзандони худро аз хурдӣ ба дунёи илму ҳунар ҳидо...
Оилаи солим –ҷомеаи солим
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Оилаи солим –ҷомеаи солим

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун арзиши муқаддас шинохта мешавад. Осоиши инсон ва муваффақияти фарзандонро гузаштагони мо аз баракати хонаводаи солим медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан-Модар вобаста аст». Воқеан, оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд в...
Армуғони Наврӯза
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Президент, Хабарҳо

Армуғони Наврӯза

“11-июни соли 2021 рӯзи фаромӯшнопазир аст бароям”, – мегӯяд Наврӯза Мамирова. Воқеан ҳам, Наврӯза дар синни 25-солагиаш дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, иштирок карда, аз номи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониву шеърхонӣ намуд. Суханронии саршор аз ҳиссиёту ҳаяҷон ва таъсирбахш толори Қасри Арбобро гӯё ба ларза овардааст, зеро баромади ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам бо забони тоҷикӣ буду ҳам узбекӣ. Имрӯз ин духтари деваштичиро на фақат дар Тоҷикистону Узбекистон, балки берун аз он низ мешиносанд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки Шавкат Мирзиёев аввалин ро...
Оилаи омӯзгорон
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Оилаи омӯзгорон

Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Темурмалик оилаи Раҳмоновҳоро оилаи омӯзгорон меноманд, зеро ки аъзои ин оила касби омӯзгориро пешаи худ намуда, солҳост, ки барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи хешро мегузоранд. ОМӮЗГОРИ НАВОВАР Ҳилолбӣ Азимова 21-июни соли 1966 дар ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 1983 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаро хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ба факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шуд. Сипас, соли 1987 Донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм намуд. Ҳилолбӣ фаъолияти омӯзгорияшро ба ҳайси омӯз­гори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 оғоз намуд. Ӯ дар давраи фаъолияти кориаш худро ҳамчун омӯзгори навовар ва бомасъулият дар байни ҳай...