ЖУРНАЛ

Дурахши ситораи нав дар варзиши тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Дурахши ситораи нав дар варзиши тоҷик

Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025, ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷавондухтари тоҷик Мадина Қурбонзода соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ бо мағлуб кардани ҳарифи чиниаш дар вазни 52 кг дар таърихи ҷудои кишвар аввалин паҳлавонбонуе шуд, ки медали биринҷии Grand Slam-ро ба гардан овехт ва номи худро дар таърихи варзиши тоҷик муҳр зад. ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ АВВАЛ Дар Dushanbe Grand Slam 2025 паҳлавонони тоҷик аз ҳисоби теъдоди нишонҳо миёни 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи олам бо гирифтани 11 нишон (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи аввал қарор гирифтанд, ки дар таърихи ҷудои кишвар чунин нишондод маротибаи аввал аст. Нишонҳои тиллоро Эмомалии Нуралӣ (66 кило), Муҳиддин Асадуллозода (73 кило), Сомон Маҳ­мадб...
Аз табори хуршед
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Аз табори хуршед

Исфара – шаҳри дилангезест бо симои ҷавон, таърихи кӯҳан ва мардумони заҳмат­писанду фарҳангдӯст. Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек сокинони ин гӯшаи ватани биҳишосоямонро ҳамсафари ҳамешагӣ аст. Хидмат ба халқу Ватан мароми зиндагиашон мебошад. Исроил Файзиддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳофизи хушадои диёр, шаст соли умри пурбаракати худро ба хидмат ба халқу ватан бахшида таронаҳояш ба дилу дидаи дӯстдорони ҳунар роҳ ёфтааанд. Ин ҳунарманди соҳибдил на танҳо дар олами ҳунар шахсияти маҳбуб аст, балки дар зиндагӣ низ инсони хушбахт мебошад, зеро фарзандони накуахлоқу донишманд дорад. Нахли дӯстии моро бо Фараҳноз Исроилзода  маҳз ҳунари нотакрори падари бузургвораш пайванд дод. Вақте огоҳ шудам, ки ӯ духтари ин ҳофизи хушхону некном аст, эътимоду бовариам ба фарҳ...
Захми меъда
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Захми меъда

Сабаби пайдоиш ва роҳҳои табобати он Дарди меъда бисёртар дар фасли тирамоҳ ва баҳор авҷ мегирад.  Тавре табибон мегӯянд, пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Аз ҳамин хотир, дар бораи сабабҳои пайдоиши захми меъда ва роҳҳои табобати он ба шумо маълумот медиҳем. Меъда ин узв ё ин ки халтачае мебошад, ки ғизо ва оби истеъмолӣ дар он ҷамъ гардида, бевосита раванди химиявӣ ва механикӣ коркарду ҳазми ғизоро дар бадан таъмин мекунад. Захми меъда ба иллатнокии пардаи луобии меъда алоқамандӣ дорад. Дар вақти вайрон шудани кори ин узви ҳаётан муҳимми инсон шираи меъда девори меъдаро ба қавле “мехӯрад” ва дар натиҷа захмҳо пайдо мешаванд. Бемории меъда аз дигар узвҳое, ки беморанд бо он фарқ мекунад, ки баъди гузаштани курси пурраи табобат ва ба худ омадани мариз низ дар девори меъда о...
Соҳибэҳтиром
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Соҳибэҳтиром

Субҳи содиқ, бо тулуи нахустин нурзарраҳои хуршед Зикамо аз пайи анҷоми кору бори рӯзгор аст. Ӯ модари шаш фарзанд ва ҳашт набера аст. Илова ба рисолати ҳамсарию модарӣ, ҳамчун роҳбар масъулияти тарбияи насли наврасро бар дӯш дорад. Ин бонуи чолоку чаққон, кордон ва масъулиятшиносро дер боз мешиносаму эҳтиромаш мекунам. Ӯ ҳамчун бонуи фаъол ва кордон дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Инак, каме аз зиндагинома ва фаъолияти кории ин бонуи муваффақ ҳарф мезанем. Шукурова Зикамо Раҳмоновна дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1989 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Темурмаликро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо шавҳараш Отубинуло Шарипов ва аҳли фарзандон дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ заҳмат кашида, рӯзгори хешро пеш мебурд. ...
Лабони модарон пурханда бошанд
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Лабони модарон пурханда бошанд

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз шоирони бузурги муосири тоҷик мебошад, ки ашъораш ҳамнавои дили мардум аст. Донандагони осори Лоиқ ӯро шоири зан, замин ва зиндагӣ меноманд, зеро дар шеъри муосири тоҷик беҳтарин тавсифи Зан-Модар, дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар осори ин шоири беназир таҷассум гардидаанд. Устод Лоиқ умри кам дид, ҳамагӣ 59 сол, вале осори гаронбаҳое аз худ ба мерос гузошт. Дар замони зиндагиаш беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш дар Тоҷикистону хориҷ аз он ба нашр расиданд ва нашри китобҳои ӯ пас аз маргаш низ идома доранд. Ҷилди аввали “Куллиёт”-и шоир бори аввал соли 2000 ва баъдан соли 2006 дар Теҳрон ва ахиран соли 2008 дар Душанбе ба табъ расидааст, ки ҳамаи ашъори шоирро фаро гирифтааст. Вале бо гузашти чанд сол маълум шуд, ки чанд...
Ваҳдат – асоси ҳастии миллат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ваҳдат – асоси ҳастии миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд». Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳид­со­зан­даи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои м...
Мактаби шуҷоат  ва мардонагӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Мактаби шуҷоат ва мардонагӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳам яке аз вазифаҳои ҷавонони бонангу номуси кишвар аст. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавон­мар­дони баору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои дав...
Дарси зиндагӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Дарси зиндагӣ

Бешак, сароғози ҳар коре аз шавқ ва завқи беандозаи шахс нисбати амали нек ва анҷоми хайр маншаъ мегирад. Интихоби касбу ҳунар ҳанӯз аз дидгоҳи кӯчаки олами тахаюллоти бачагӣ то ба синни камол рушд мекунад. Инсон давоми умри бобаракати хеш аз самараи донишу таҷриба ва маҳорату истеъдоди худ дар ҳаёт баҳравар мегардад ва барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ амал мекунад. РОҲҲО - ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО Гуландом Қаландарова - дастпарвари факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳсилкардаи солҳои 1980-1985 мебошад. Гуландом ҳамчун ҳодии роҳ байни кӯчабоғҳои деҳаи хушманзараи Ганҷбор ва Шаҳдбор барои таълим додан, илм омӯхтани шогирдони муассисаи таълимии рақами 139-и шаҳри Ваҳдат тайи 40 сол масофаи ду километр роҳро субҳу шом тай менамояд. Ишораи Лоиқи зиндаёд дар ин бора хеле ...
Рисолати шаҳрвандӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Рисолати шаҳрвандӣ

Дар шароити ҷаҳони муосир падидаву зуҳуротҳои номатлуб ва равандҳои номуносибе зуҳур кардаанд, ки боиси азбайнравии давлатҳову кишварҳо гашта истодааст. Яке аз ин зуҳуроти хавфнок ва доғи рӯз коррупсия ё худ фасоди молиявӣ мебошад. Таҳлилҳои кишварҳои буҳронзадаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки ҳамин вабои аср, яъне коррупсия­ро нодида гирифта, сабаби заволи давлатдорӣ ва ҳатто нестшавии бисёре аз кишварҳо гардидааст. Воқеан, коррупсия ва омилҳои ба коррупсия алоқаманд барои рушди иқтисодиёт, сатҳи не­ку­аҳволии мардум, таъмини волоияти қонун ва пешрафти ҳар як кишвари соҳибистиқлол монеа эҷод карда, нобоварӣ ва бенизомиро ба вуҷуд меорад. Ин аст, ки ин падида имрӯз яке аз масъалаи асосии байналмилалӣ буда, ҷиҳати коҳиш додани он талошҳои дастаҷамъона амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад, ...
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Президент

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардида, ҳамчун таҷриба дар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Имрӯз бори дигар ин андеша шаҳодати таърихии худро дарёфт, зеро Пешвои миллати мо бо пешниҳоди қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои со­ҳиб­истиқлолӣ муносибатҳои диплома­тиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар дои­раи принсипи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тамоми халқиятҳои ҷаҳон ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷаҳон ва минтақа ба роҳ мондааст. Аз ҷу...