Аз табори хуршед
Исфара – шаҳри дилангезест бо симои ҷавон, таърихи кӯҳан ва мардумони заҳматписанду фарҳангдӯст. Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек сокинони ин гӯшаи ватани биҳишосоямонро ҳамсафари ҳамешагӣ аст. Хидмат ба халқу Ватан мароми зиндагиашон мебошад.
Исроил Файзиддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳофизи хушадои диёр, шаст соли умри пурбаракати худро ба хидмат ба халқу ватан бахшида таронаҳояш ба дилу дидаи дӯстдорони ҳунар роҳ ёфтааанд. Ин ҳунарманди соҳибдил на танҳо дар олами ҳунар шахсияти маҳбуб аст, балки дар зиндагӣ низ инсони хушбахт мебошад, зеро фарзандони накуахлоқу донишманд дорад.
Нахли дӯстии моро бо Фараҳноз Исроилзода маҳз ҳунари нотакрори падари бузургвораш пайванд дод.
Вақте огоҳ шудам, ки ӯ духтари ин ҳофизи хушхону некном аст, эътимоду бовариам ба фарҳ...









