«Оилаи беҳтарин»
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханрониаш зикр намуд, ки баргузории озмун барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони солеҳ, худшиносу худогоҳ ва солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат намуда, давлату ҳукумат ҳифзкунандаи оила мебошанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки пояи мустаҳкам...









