ЖУРНАЛ

АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Сайре ба таърихи Наврӯз

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанаи халқҳои эронӣ (баъдтар, дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ якуми фарвардин (ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд. Наврӯзи ориёӣ Наврӯз тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд, такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз оид ба табиати миранда (дар зимистон) ва зиндашаванда (дар баҳор) вобаста будааст. Дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои бостонӣ оғози Ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар ...
Паёми меҳр
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Паёми меҳр

Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, тундбодҳои решабарандози замонаро пушти сар намуда, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» фармудааст: «Наврӯз, ки иди бостонист ва ҳавзаи фарогирии он борҳо тағйир хӯрда, хеле фарох аст, аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст ва ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст, таҷлил мешавад.» Ба қавле пайдоиши ин ҷашн ба замони ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба далели дигаре, ба замони Зардушт рост меояд. Ҷашни Наврӯз дар даврони бостон, бавижа дар давраи Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ба унвони як ҷашни миллӣ мавриди таваҷҷуҳ будааст ва реша дар боварҳо ва эътиқодоти деринаи ориёиён дорад. Баъд аз ислом низ давлатҳои Тоҳи...
Пешвои миллат  ва ҳалли масъалаҳои глобалӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Пешвои миллат ва ҳалли масъалаҳои глобалӢ

Дар замони муосир инсон ба худ андеша мекунад, ки дар баробари ин қадар таҳдиду хатарҳо ояндаи ӯ чӣ мешуда бошад? Ба таҳдиду хатарҳои замони муосир ё раванди терроризму экстремизм, хариду фуруши одам, маводди мухаддир, гардиши силоҳ, проблемаҳои экологӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд. Яке аз мушкилоти муҳимми замони муосир проб­лемаи экологӣ аст, зеро заҳролудшавии гази оксиген, нест шудани ҳайвонот ва набототи нодир, сӯрохшавии пардаи озон ва таъсири нурҳои зараррасони офтоб ба инсон, ифлосшавии баҳрҳо ва нестшавии пиряхҳо масъалаи муҳиме дар ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Обшавии пиряхҳо як падидаи табиист. Пиряхҳо захираи об мебошанд. Дар сурате, ки оби ширин дар шакли ях аз ҳолати сахт ба ҳолати моеъ табдил меёбад, захираҳо тамом мешаванд. Вал...
Хатари терроризму экстремизм ба ҷаҳони муосир
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Хатари терроризму экстремизм ба ҷаҳони муосир

Мушкилӣ ва хатари рақами 1-и ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон терроризм мебошад. Террор моҳиятан таърихи куҳан дорад. Ҳатто таърихи он бо пайдоиши ҷамъият баробар аст. Аммо вобаста ба шароит ва ҳолатҳо террор дар шакл ва сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо амалиёти террористӣ дар зери шиорҳои роҳ ба сӯи озодию адолат сурат мегирифтанд. Имрӯз ҳодисаҳои таърихии ба ҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардона сабт шудаанд, вале гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро ба ҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрӯза чандон кам нагаштааст. Шояд сабаби инро баъзеҳо дар тобиши илмии нокомил ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест. Дар аксарият адабиёти муосири илмӣ амалиёти террористии замонро бо манфиатҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ пайвас...
Садоқат ба ҳунар
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Садоқат ба ҳунар

Сарнавишти сарояндаи шинохта, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҳима Шалоэр ҷолиб аст: дар Қирғизистон таваллуд шуда, дар Узбекистон ба воя расида, дар Тоҷикистон обрӯ ёфта, маҳбуби ҳамагон гардидааст. Пайроҳаи ҳунар Гарчанде падараш раиси хоҷагии қишлоқ буд, ба санъат шавқ дошт ва баъди кор дар ҳалқаи фарзандонаш аккордеон менавохт. Раҳима бошад, зери навои аккордеон суруд мехонд. “Он айём орзу мекардам, ки мутрибони зиёде рӯи саҳ­наи калон навозанду ман суруд хонам. Падару модарам аз орзуҳоям бохабар буданд. Аз ин рӯ, маро зуд-зуд ба тамошои консертҳо мебурданд. Дастгириву раҳнамоии онҳо буд, ки пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Институти давлатии театриву бадеии шаҳри Тошканд ба номи А. Н. Островский супурдам” – мегӯяд Раҳима Шалоэр дар суҳбат. Ишқе, ки ӯро ба Тоҷикистон ов...
Нахустин бонуи муаррих
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Нахустин бонуи муаррих

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар баробари мардон садҳо нафар бонувон низ табъи хешро дар суханварӣ санҷида, асарҳои мондагор таълиф кардаанд. Имрӯз мо бо ифтихор номи Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва дигар шоиронро ба ёд меорем. Вале дар миёни бонувон афроде ҳам будаанд, ки рисолаҳои илмӣ ва таърихӣ навиштаанду афсус дар бораашон мо хеле кам маълуот дорем. Яке аз онҳо Гулбаданбегим аст, ки аз байни бонувон бо забони тоҷикӣ нахустин рисолаи таърихиро таълиф кардааст. Гулбаданбегим ё Гулбаданбону духтари Заҳируд­дин Муҳаммади Бобур буд, ки тақрибан соли 1523 дар Кобул таваллуд шудааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳо ӯ то 6-солагиаш дар Кобул зиндагӣ карда, соли 1528 ҳамроҳи падараш ба шаҳри Аграи Ҳиндустон меравад. Баъди вафоти Муҳаммади Бобур (1530) Гулбаданбегим дар тарбияи мо...
Равғани какао  ва хусусиятҳои табобатии он
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Равғани какао ва хусусиятҳои табобатии он

Какао – дарахти ҳамешасабзи шоколад аз оилаи стеркулиҳо буда, баландиаш то 10-15 метр аст. Ватани ин дарахт қисми тропикии Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Мексика, соҳили дарёҳои Магдалена ва Амазонка мебошад. Ҳоло дарахти шоколад дар майдонҳои калони қисми тропикии Африкаи Ғарбӣ- Нигерия, Гана, Шри-Ланка ва Индонезия парвариш мешавад. Ин дарахт дар соли 3-юм ба мевадиҳӣ оғоз мекунад. Гулҳояш хурд, гулобӣ, аз тана ва навдаҳои ғавс даста-даста мебароянд. Аммо на ҳамаи гулҳо гардолуд мешаванд ва дарахт ҳамагӣ 20-50 дона мева медиҳад. Як дарахт дар 1 сол аз 1 то 4 кг тухмӣ медиҳад. Пучоқи тухмҳо алкалоидҳои теобромин (то 2%) ва кофеин (миқдори ночиз), мағзи тухмӣ бошад то 50% равғани чарб дорад. Равғани какао байни ҳарорати 30-40*С об мешавад аз ҳамин сабаб, бо моддаҳои доруӣ омехт...
Зиннати зан  аз донишу ҳунар аст
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Зиннати зан аз донишу ҳунар аст

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳратёр кард. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони моро дар тамоми қитъаи олам ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил хуб мешиносанд. Равзанаи ошноӣ: Зарина Назарзода муовини раиси Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1972 дар ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1989 пас аз хатми мактаби миёна ба Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат (собиқ Орҷоникидзобод) дохил шуда, онро соли 1991 хатм мекунад. Солҳои 2010-2015 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 2006 ба агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳратёр кард. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони моро дар тамоми қитъаи олам ҳамчун давлати д...
Бояд ғами  рӯду чашмасоронро хӯрд
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Бояд ғами рӯду чашмасоронро хӯрд

Инсоният бо вуҷуди дастовардҳои бузурги илму техника, боз ҳам ба неруи табиат, ба лутфу эҳсони Модар–Замин ниёзманд аст. Ҷойи таассуф аст, ки як гурӯҳ одамон ҳамин ниёзи рӯҳонӣ ва ҷисмониро надида гирифтанд... Ҳамаи одамони соҳибкамол медонанд, ки бе об зиндагонӣ нест. Ва сарчашмаи ҳама гуна шодобию сафо ва таровату покӣ об аст. Азбаски захираи оби софу ширин ҳамагӣ аз даҳ се ҳиссаи тамоми обҳои кураи заминро ташкил медиҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ояндаи хештан биандешад. Ҷойи ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки дар роҳи тарғиби сарфакорона истифода бурдани об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосӣ аст. Ҳанӯз соли 2003 СММ пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта буд ва соли 2003-юм дар тамоми ҷаҳон ҳамчу...
Даврони тиллоии умр
АСОСӢ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Даврони тиллоии умр

Зиндагӣ мисли муъҷиза аст. Дар он вақт муъҷиза ба воқеият табдил мегардад, ки аз пайи амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ бошӣ! Ин гуфтаҳо шиори зиндагиям ҳастанд. Воқеан, он чизеро, ки мо аз сидқи дил мехоҳем ва талош мекунем, соҳиби он мегардем. Ман дар ноҳияи зебоманзари Хуросони вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Модари омӯзгорамро хурду бузурги деҳа эшонро эҳтиром мекунанд. Аз ҳамин пай бурдам, ки барои зан беҳтарин касб омӯзгорӣ мебошад. Замони кӯдакиву наврасӣ бароям беҳтарин шароит муҳайё буд, то ки илм омӯзам, дар озмунҳо фаъолона иштирок намоям. Дар соли хониши 2020–2021 гирандаи стипендияи раиси Вилояти Хатлон ва дар солҳои 2021–2022 гирандаи стипендияи президентӣ будам. Соли 2022 тариқи Маркази миллии тестӣ назди Президенти ҶТ ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ, факу...