Пайраве аз хонадони Пайрав
Чанде пеш китобе ба дастам афтод, ки “Духтари Пайрав” ном дорад. Ин китоби ҷолиб ба рӯзгор ва осори шоири маъруфи бачаҳо, Шоири халқиии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ Гулчеҳра Сулаймонӣ бахшида шудааст. Баъди мутолиаи китоб ба суҳбати муаллифи он адиби шинохта Латофат Кенҷаева шитофтам...
– Китоби “Духтари Пайрав” хотираҳои аҷиби шуморо дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Гулчеҳра Сулаймонӣ дар бар гирифтааст. Аз мутолиа дарёфтам, ки он кас ба Шумо ҳаққи устодӣ доранд. Аз ашъори устод аввалин шеъри аз ёд кардаатонро ёд доред?
– Устод Гулчеҳра Сулаймонӣ шеърҳои зиёде навиштаанду китобҳои зиёдашон ба нашр расидааст. Замоне, ки ман дар мактаби миёна мехондам, бори аввал бо як шеър ин касро дӯст доштам. Ин шеър “Бибиҷон” ном дошт шеър бисёр со...










