Олиҳаи зиндагӣ
Модар вожаест дилнишину беинтиҳо, азаматест нотамом, дарёест бекарон, зеботарин ва боарзиштарин ҳадяи осмонист. Азизтарин сарват, беҳтарин ормон, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру зиё мебахшад. Модар арзандатарин ҳастии ҳаёт, фариштаи заминӣ, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, беҳтарин пушту паноҳ, қуввату мадори дилҳои нотавон аст.
Хуршед ниҳам номи туро ё ки ҷаҳонтоб,
Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст,
Бар гуш расад аз ту садои хушам он рӯз,
Эй хуш бувад он рӯз садоят ба танин аст.
Олами ҳастӣ бе шакк аз меҳру муҳаббати модар ҳаваси гардишро бар худ раво донистааст. Ишқи самимӣ, меҳри амиқ, муҳаббати асили модар ба фарзанд бузургии ӯро собит месозад.
Зан–Модар тараннумгари садоқат ба Ватан, вафодорию дилбастагӣ ба ҳисоб меравад, ки шоирону адибони ҷаҳонӣ, ба хусус...










