Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА АҲЛИ ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ ТОҶИКИСТОН  БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА «РӮЗИ ФАРҲАНГ»
АСОСӢ, Дохилӣ, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА АҲЛИ ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА «РӮЗИ ФАРҲАНГ»

Тоҷикистон, Ватани Наврӯз аст! Наврӯзи фархундапай ва ҷаҳонафрӯзро, ки ҷашни ниёгони мо, рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ, саховату накукорист ва бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад ба Шумо аҳли эҷод ва ҳунар аз номи ҳайати мушовараи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ва бо камоли эҳтиром табрик менамоям. Ин ҷашни бузурги миллӣ, ки ба шарофати заҳматҳои Пешво ва Раҳнамои миллат, дубора эҳё гардид, ҳамасола дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони азиз, ки Ватани воқеии Наврӯз аст бо истиқболи густурда ва шукӯҳи тоза таҷлил мегардад.  Наврӯз намоди таҷдиди ҳаёт, рамзи аввалин рӯзи офариниш, уммед, ҳамгироӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи башар буда, ёдгори фарҳанги ғановатманду тамаддуни деринаи марзу буми мост, ки ба тамаддуни ҷаҳон фалсафаи ҳаёт ва ҳастиро эҳдо на...
Мулоқоти саодатбахш
ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Мулоқоти саодатбахш

Зан -Модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро ба дунё овардааст. Мулоқоти идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонувони фаъоли кишвар ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи хеле олӣ баргузор гардид. Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад. Пешвои миллат тамоми бонувони кишварро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик намуда, баён доштанд, ки “Бо шукуҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашни фархунда эъти...
Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баррасии  баргузории намоиши рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Баррасии баргузории намоиши рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон

6-уми март Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони Ташкилоти санъат ва фарҳанги байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Афшин Дерамбахш ва Тилл Брекнер мулоқот намуданд. Қобили қайд аст, ки дар ин мулоқот баррасии масъалаи баргузории намоиши рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон сурат гирифт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр бахшида ба «Рӯзи модар»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Матбуот, Хабарҳо

Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр бахшида ба «Рӯзи модар»

Бахшида ба истиқболи "Рӯзи модар" Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳоди дӯстдорони китоб менамоянд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад. Қабули асарҳо то 1 сентябри соли 2025 сурат мегирад. Мақсад ва вазифаҳои озмун 1. Озмун бахшида ба таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон мегардад. 2. Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ , тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ , ваҳдату ягонагӣ , сулҳу субот, ватандӯстӣ , созандагиву ободонӣ , анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ , муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад. 3. Озмун ба тарғиби драматургия ва санъати театрӣ , бою...
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия

Ҳамраиси Бунёди Байналмилалии Ҳамкориҳои Гуманитарӣ- Швидкой Михаил Ефимович ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо роҳбарияти вазорат мулоқоти судманд анҷом доданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ тавсеа меёбанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ

Имрӯз, 19-уми феврал бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар ин маросим ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол”, ҳавасмандсозии иштирокчиёни озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳунарпешагон, гуруҳҳои ҳунарӣ ва муасисаҳое, ки дар давоми соли 2024 фаъолияти пурсамар доштанд, қадрдонӣ гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг