Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷл...










