Хабарҳо

Мулоқоти Матлубахон Сатториён бо ректори ВГИК Малишев Владимир
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Мулоқоти Матлубахон Сатториён бо ректори ВГИК Малишев Владимир

24 Майи соли 2025 дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода дар шаҳри Москва бо ректори Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) Малишев Владимир мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи фарҳангу санъат ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва табодули таҷриба изҳори назар намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Москав
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Москав

2 июни соли 2025 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва вазири фарҳанги Федератсияи Русия Ольга Борисовна Любимова дар ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия иштирок намуданд. Намоишгоҳи мазкур дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардида дар он зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд. Қайд бояд намуд, ки намоиш то 5-уми июни соли 2025 идома меёбад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мулоқот бо директори генералии ИСЕСКО
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо директори генералии ИСЕСКО

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Молик мулоқот доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобила дар самти фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳангӣ масъалагузорӣ намуда, густариши робитаҳоро соҳаҳои марбут ба фарҳанг иқдоми муҳим шумориданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштироки намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмиллалӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Иштироки намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмиллалӣ

Дар доираи эълон гардидани шаҳри Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 бо иштироки вазирони фарҳанги кишварҳои узви ICESCO ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси маънавӣ ва шаклҳои баёни фарҳанги ҷаҳони Ислом: хаттотӣ, мусиқӣ, шеър ва ҳамбастагӣ» доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ва сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат Савриддин Саидзода намояндагӣ мекунанд. Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни суханронӣ дар ҳамоиш қайд кард, ки Барномаи «Пойтахти фарҳанги исломӣ» ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва вижагиҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳанг...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати Саидмурод Мардонов- Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ситораи пурҷилои театру синамои тоҷик, сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъату ҳунар, ҳамдардии амиқ баён менамояд.  Саидмуроди Мардон на танҳо ҳунарманди барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарманди асил, ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Саидмуроди Мардон баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишка...
Мулоқоти вазири фарҳанг бо ҳамтои худ аз Озарбойҷон
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо ҳамтои худ аз Озарбойҷон

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Aдиль Керимли мулоқот анҷом доданд. Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Озарбойҷон баррасӣ шуданд....
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

“Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон”

Санаи 20-уми майи соли 2025, соати 16:00 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии Озарбойҷон таҳти унвони “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо,Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровродар , директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон Ширин Меликова, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони фарҳангу сан...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20-уми май, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид. Ин маросими бошукӯҳро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адиль Керимли ифтитоҳ намуданд. Баъдан барномаи консертии омоданамудаи устодони санъату ҳунари Озарбойҷон пешниҳоди ҷамъомадагон гардид, ки гарму самимӣ истиқбол ёфт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон
АСОСӢ, Хабарҳо

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон

20-уми майи соли равон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин мулоқоти роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлат бо доктори илмҳои санъатшиносӣ Камила Дадашзаде ва директори Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амирови шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон Айгюн Самедзаде, роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ташкили фестивалҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалӣ, консертҳои муштарак, дарсҳои маҳорат, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди баррасӣ гирифтанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
«Оилаи беҳтарин»
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

«Оилаи беҳтарин»

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир гардид. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дил­рабо Мансурӣ дар суханрониаш зикр намуд, ки баргузории озмун барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оила­дорӣ, тарбияи фарзандони солеҳ, худшиносу худогоҳ ва солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат намуда, давлату ҳукумат ҳифзкунандаи оила мебошанд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки пояи мустаҳкам...