Хабарҳо

АСОСӢ, Хабарҳо

Иштироки муовини вазири фарҳанг дар «KazanForum 2025»

Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, дар доираи Форуми XVI байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum», нахустин анҷумани вазирони фарҳанги кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи муколамаи фарҳангҳо ҳамчун пояи ҳифзи ҳувият ва гуногунии фарҳангӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори анҷуман намояндагони Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Гвинея-Бисау, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Мавритания, Аморати Муттаҳидаи Араб, Умон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Судон, Сиерра-Леоне, Ӯзбекистон, инчунин роҳбарияти Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ICESCO), Лигаи давлатҳои араб ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Лейла Фазлеева иштирок карданд. Зи...
Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ
АСОСӢ, Дохилӣ, Хабарҳо

Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ

Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва раёсати Хазинаи байнидавлатии башардӯстона баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дигар намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд. Зимни баргузории ҷаласа масъулин масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маданияти халқиятҳо, зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва тамаддуни башарият дар замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд

15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз 17 марти соли 2015 ба корҳои сохтмон дар Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшида буданд. Бинои театри миллӣ дар як маҳалли зебои шаҳри Душанбе – паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Зимни боздид аз иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбист ва сохтмончиён корро ба хотири дар муҳлати як моҳ ва босифат анҷом додани он мете...
«Навои ШАШМАҚОМ»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Навои ШАШМАҚОМ»

Суратгузориш аз ҷараёни барномаи консертии Фестивали ҷумҳуриявии мақомсароён таҳти унвони "Навои ШАШМАҚОМ", ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардида истодааст.
Гум бод номи ҷанг
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Гум бод номи ҷанг

Вақте ба аёдати иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозор Нағзибекови 100-сола рафтем, эшонро дар иҳотаи зану фарзандон дарёфтем. Ӯ бо завҷааш 70 сол аст, ки зиндагии якҷоя доранд ва шебу фарози зиндагиро ҳамроҳ тай карданд. Шӯхиомез пурсидем, ки чӣ тавр 70 сол ҳамдигарро “тоқат” карданд? “70 сол мисли як лаҳза гузашт”, -баробар посух доданд онҳо. ...Айёми кӯдакиву наврасии Бозор Нағзибеков душвор сипарӣ шудааст. Ӯ дар интернат ба воя расид ва баъди хатми курси омӯзишӣ фаъолияти кориашро ҳамчун корманди ҳизбӣ дар ноҳияи Тавилдара оғоз кард. Моҳи октябри соли 1943. Дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодарав монда буд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия дар андеша монданд. Бозор Нағзибеков аз ҳисоби ҷавонон як бри...
ТАҶҲИЗОТИ НИГОҲДОРӢ, РАҚАМИКУНӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ КИТОБҲОИ МД “ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН” БЕҲТАР КАРДА ШУД
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ТАҶҲИЗОТИ НИГОҲДОРӢ, РАҚАМИКУНӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ КИТОБҲОИ МД “ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН” БЕҲТАР КАРДА ШУД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунӣ, ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” баргузор гардид. Лоиҳаи грантии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) амалӣ карда шуд. Дар маросими рӯнамоӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти дар доираи лоиҳа воридгардида Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сатториён Матлубахон Амонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон – Фурута Кейко, роҳбари намояндагии Агентии Ҷ...
«Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

«Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рассоми маъруфи олмонӣ Гюнтер Уэкер аввалин рассоми аврупоист, ки дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор мекунад. Беш аз 40 асари нодири санъати тасвирие, ки ба эҷодиёти шоири бузурги тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудаанд, 5 май дар намоиши байналмилалии асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер, ки таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар намоиши «Хотира аз Ҳофиз» ду осори санъати ороишӣ-амалӣ: ҳайкалчаҳои биринҷӣ бо номҳои «Китоби болишт» ва «Нон», ки аз ҷониби муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер дар солҳои гуногун офарида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд. Рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер шефтаи ашъори Ҳофизи Шер...
Мулоқоти вазири фарҳанг бо роҳбарони ҳайатҳои театрҳои иштирокчии «Наврӯз»
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо роҳбарони ҳайатҳои театрҳои иштирокчии «Наврӯз»

Дар ҳошияи баргузории Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ –“Наврӯз”, ки бо иштироки ҳайатҳои театрии кишварҳои Арманистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон идома дорад, 5 майи соли равон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои театрҳои мазкур доир гардид. Зимни мулоқот масоили марбут ба робитаҳои байниҳамии театрҳо ва табодули таҷрибаҳо ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди санъати театрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ширкатдорони мулоқот аз ҷараёни баргузории ҷашнвора изҳори ризоят намуда, идомаи чунин иқдомотро баҳри рушди соҳаи театр зикр намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис...
Вохӯрӣ бо муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ
АСОСӢ, Дохилӣ, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ

Санаи 3 майи соли 2025 мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Нодира Ризоӣ муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ёдовар шуда, самтҳои афзалиятноки робитаҳои фарҳангӣ дар меҳвари мулоқот қарор гирифт. Ҳамзамон, ҷонибҳо густариши минбаъдаи робитаҳо дар бахшҳои марбут ба фарҳангро муҳим шумориданд.   Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...