Хабарҳо

Мулоқоти расмӣ бо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Мулоқоти расмӣ бо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз, 30-юми июли соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти расмӣ бо ҷаноби Исмоил Бағоӣ — сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳким ва густариши робитаҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногуни фарҳангӣ таъкид карданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои татбиқи барномаҳои муштараки фарҳангӣ, табодули ҳайатҳои фарҳангиву ҳунарӣ, баргузории намоишгоҳу чорабиниҳои муштарак ва тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созишномаҳои мавҷуда иброз доштанд. Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, ба таҳкими бештари муносибатҳои фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи мусоид фароҳам овард. ...
ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Матбуот, Хабарҳо

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Субҳи имрӯз, 21 июн дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Вазири фарҳанг Амонзода Матлубахон Сатториён ба намояндагони ВАО-и кишвар доир ба фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи аввали соли 2025 маълумот дода, ба суоли хабарнигорон посух гуфт. 📝Дар зер маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли 2025, ки дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби вазир ироа гардид, манзури Шумо мегардад: 📝Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 фаъолияти худро дар самти татбиқи сиёсати давлатии фарҳанг идома дода, барои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳангӣ, таҳкими сиёсати фарҳангии давлат, эҳё ва рушди мероси ғайримоддӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин дастгирии ҳунармандону муассисаҳои ...
Навиди фарҳангӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Хабарҳо

Навиди фарҳангӣ

Имрӯз 12 июли соли 2025 дар Ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж аз 6 то 16-уми июл идома мекунад, парвандаи «Хуттали Қадим» расман тасдиқ шуда, ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт. Парвандаи «Хуттали Қадим» фарогири 11 ёдгории таърихӣ фарҳангӣ ва бостоншиносии вилояти Хатлон мебошад: Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа Ёдовар мешавем, ки корҳо дар самти таҳия намудани парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул барои омода намудани парвандаи мазку...
Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд. Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд. Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шу...
Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт. Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст. Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст. Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон а...
ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 12 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
АСОСӢ, Хабарҳо

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 12 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 12 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3110,14 сомонӣ. Сардори бахши танзими техникӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2842,00 сомонӣ. Сармутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ. Мутахассиси пешбари раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ. Мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ....
Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт. ...
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон

8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Ҳамчунин, баҳри пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар як барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳи...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Абдушукурова Тамара Махсумовна сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикони ин ситораи пурҷилои соҳаи фарҳанг, ҳамдардии амиқ баён менамояд.  Тамара Абдушукурова намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин дилдодаи фарҳанг ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд. Ёди собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони фарҳангу санъати асил гиромӣ аст. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон...
Истиқболи ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Истиқболи ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон

Истиқболи ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанг дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе. Лозим ба ёдоварист, ки ҳунармандони мазкур дар барномаи муштараки "Дӯстии абадӣ" дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" ҳунарнамоӣ менамоянд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон