Хабарҳо

Ташрифи президенти ҶИЭ Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Ташрифи президенти ҶИЭ Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори фурудгоҳ баргузор гардид, сарони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуд П...
Ифтитоҳи пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Ифтитоҳи пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Мулоқоти  Вазири фарҳанги ҶТ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии ҶИЭ
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқоти Вазири фарҳанги ҶТ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии ҶИЭ

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
ДУРНАМОИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
АСОСӢ, Мақолаҳо, Паём, Хабарҳо

ДУРНАМОИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад, барои оғози як марҳалаи муҳими ҳаёти мардум ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар замина ва пояҳои маҳкам гузошт. Дар навбати аввал, эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия гувоҳ бар он аст, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёт ва пешрафти худ қарор дошта, заминаҳоро баҳри тақвияти низоми ҳукумати электронӣ мустаҳкам менамояд.Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, бо мақсади ҳарчи бештар рушд бахшидан ба фарҳанги миллӣ, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ аз тамоми и...
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
АСОСӢ, Мақолаҳо, Паём, Президент, Хабарҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 оғоз ёфт. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои т...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 ва нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сипас лоиҳаҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид. Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба муҳоҷирати дохил...
Шиносоӣ бо вазъи Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат
АСОСӢ, Хабарҳо

Шиносоӣ бо вазъи Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дида намуда, ба масъулин ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ мулоқот анҷом доданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг

Санаи 25-уми декабр дар шаҳри Ваҳдат Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин ҷаласа масъалаи натиҷагирӣ аз рафти маниторинг оид ба вазъи муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мушкилоту муаммоҳо ва роҳи ҳал баррасӣ гардиданд. Суратгузориш аз ҷараёни ҷаласа мазкур
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид

24 декабр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» доир гардид, ки дар номинатсияи «Китоби назм» муаллифон Фарзона бо гулчини ғазали «Сетор», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Хандаи талх» ва Бузургмеҳри Баҳодур бо китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» ғолиб дониста шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.Мазмуну муҳтавои ин китобҳо бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро фаро гиранд, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтода, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хок...