Хабарҳо

Духтаре нобиное,  ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Духтаре нобиное, ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд

Қиссаи ӯ ҷолиб аст. Ӯ ҳамаи осори назмӣ ва насриро аз забони модараш гӯш карда, аз худ намудааст. Ин духтар бо вуҷуди нобиноӣ пас аз 4 соли иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" пирӯз шуд! Ахмедзода Фараҳбахш - зодаи шаҳри Панҷакент, хонандаи синфи 9-и МТМУ №63, духтараке, ки бо амри тақдир нобино ба олами ҳастӣ қадам гузоштааст. Аз ҳамсолони худ ду сол дер ба таҳсил оғоз кард. Бо ёрии атрофиён ба мактаб меравад. Шӯру шавқ ва ҷозибаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ӯро водор сохт, ки дар номинаи адабиёти классикии тоҷик бо ёрии модараш омодагӣ бинад. Нокомиҳо дар давоми солҳои гузашта ӯро руҳафтода накард ва бо иродаи устувор ба омӯзиш идома дод. Ҳамаи шеърҳоро модар барояш мехонд ва Фараҳбахш ҳифз мекард. Ҳамчунин, асарҳои насриро низ мод...
Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Олмон
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Олмон

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо Ҷаноби Йорк Шуграф - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.Дар ин мулоқот ҷонибҳои оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бозомӯзӣ, такмили ихтисос инчунин, баҳри табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Чин
Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Чин

Имрӯз, 27-уми ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Цзи Шуминь дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.Дар мулоқот оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин , ки дар моҳи апрели соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.Инчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Намоишгоҳи адабӣ-ҳуҷҷатӣ бо номи «Бо хуни дил»
АСОСӢ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Намоишгоҳи адабӣ-ҳуҷҷатӣ бо номи «Бо хуни дил»

Санаи 25-уми ноябр дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Намоишгоҳи адабӣ-ҳуҷҷатӣ бо номи "Бо хуни дил" ифтитоҳ гардид.Номи намоишгоҳ аз маҷмӯаи ашъори шоирони Беларус гирифта шуда, сатрҳои шоиронаи ин эҷодкорон дар ҳар саҳифаи ин намоишгоҳ баръало намоён буд.Инчунин, ҳайати Рӯзҳои фарҳанги кишвари дӯст аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Рӯзҳои кинои Белорус дар Душанбе
АСОСӢ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Рӯзҳои кинои Белорус дар Душанбе

25-уми ноябри соли 2024 дар кинотеатри “Наврӯз” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Беларус дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Намоиши филми ҳунарии «Қалъаи сиёҳ» оғозбахши Рӯзҳои синамои Беларус гардида, алоқамандони синамо бо завқи том филмро тамошо намуда, аз маҳсули эҷодии синамогарони беларус бархӯрдор шуданд. Мухлисон ва дӯстдорони синамо муддати ду рӯз имкон доранд, ки филмҳои истеҳсоли Беларус-филми ҳунарии “Қалъаи сиёҳ” коргардон К.Кузин, филми мустанади “Орзуи қаҳрамон ” коргардон В.Мороз ва филми тасвирии “Суруди Сирин” коргардон Е.Туроваро тамошо намоянд. Хотирнишон менамоем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-ум то 27-уми ноябри соли 2024 дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Б...
Муҷассамаи Шамсиддин Шоҳин дар маркази ноҳия
Мақолаҳо, Хабарҳо

Муҷассамаи Шамсиддин Шоҳин дар маркази ноҳия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз рӯи муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Шамсиддин Шоҳин пардабардорӣ намуданд. Иншооти мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта шудааст. ...
Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муовини  якуми Вазири фарҳанги Беларус
АСОСӢ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанг мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада ва ҳайати расмии ин давлат баргузор гардид.Ҷонибҳо аз Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.Инчунин, миёни роҳбарияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Рӯзҳои фарҳанги Беларус
АСОСӢ, Матбуот, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Беларус

Санаи 25-уми ноябр, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Суратгузориш аз ҷараёни ин барномаи пуршукӯҳ
ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ
АСОСӢ, Хабарҳо

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт доир гардид. Роҳмаймоӣ аз майдони Истиқлол бо зинапояҳои Осорхонаи миллӣ то майдони Парчами давлатӣ идома ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону до...
ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот, Хабарҳо

ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ

Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолу дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъйу талоши пайваста ба хотири ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон, рамзи худогоҳию худшиносӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём парчамдор буданд. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ...