Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон — Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи ...









