Хабарҳо

Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд

2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди Пешвои миллат ва меҳмони...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд.
АСОСӢ, Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд.

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш н...
«ҶАҲОНИ ОЯНДА». Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистону Чин ба намоиш гузошта шуд
АСОСӢ, Хабарҳо

«ҶАҲОНИ ОЯНДА». Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистону Чин ба намоиш гузошта шуд

Беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистон ва Чин дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирии наврасону ҷавонон, ки таҳти унвони «Ҷаҳони оянда» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин аз созмондиҳандагони намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирии наврасону ҷавонон мебошанд.Ҳадафи баргузории намоишгоҳ ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ- амалӣ -кулолгарӣ, заргарӣ, рассомӣ, таблиғу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас буда, барои боз ҳам рушди фарҳангу санъати ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамҷавор заминаи мусо...
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Либосҳои миллӣ занону духтарони моро боз ҳам зеботар менамоянд»
АСОСӢ, Хабарҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Либосҳои миллӣ занону духтарони моро боз ҳам зеботар менамоянд»

«Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!»Инҳо суханоне буданд, ки 25 март дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ- «Корвони шодӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд бо хитоб ба ҳар зан-модар ва духтарони банангу номуси тоҷик падарона изҳор намуданд.Оре, либоси миллӣ рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ намуда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии в...
Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Дар Душанбе таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аҳлиддин Нуриддинзода ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ. Дар ҷаласа иҷрои супоришҳои протоколии қаблӣ ва ҳисобот вобаста ба татбиқи супоришҳои Протоколи ҷаласаи ҳабдаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон ва мушкилоти соҳаи нассоҷӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар ас...
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Хабарҳо

«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тољикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамоянд. Мақсади асосии фестивал-озмун — тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши падар ё модар маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушҳолӣ б...
Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаро вусъат мебахшанд
АСОСӢ, Хабарҳо

Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаро вусъат мебахшанд

Дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вилли Кемпел баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот ҷонибҳо  дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Австрия дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. ...
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Хабарҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад

 Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво  тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 12-13 апрел дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзо...