Хабарҳо

Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муовини  якуми Вазири фарҳанги Беларус
АСОСӢ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанг мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада ва ҳайати расмии ин давлат баргузор гардид.Ҷонибҳо аз Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.Инчунин, миёни роҳбарияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Рӯзҳои фарҳанги Беларус
АСОСӢ, Матбуот, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Беларус

Санаи 25-уми ноябр, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Суратгузориш аз ҷараёни ин барномаи пуршукӯҳ
ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ
АСОСӢ, Хабарҳо

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт доир гардид. Роҳмаймоӣ аз майдони Истиқлол бо зинапояҳои Осорхонаи миллӣ то майдони Парчами давлатӣ идома ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону до...
ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот, Хабарҳо

ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ

Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолу дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъйу талоши пайваста ба хотири ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон, рамзи худогоҳию худшиносӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём парчамдор буданд. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ...
МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
АСОСӢ, Мақолаҳо, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, Хабарҳо

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

23-юми ноябри соли 2024 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷу...
Роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи парчам
АСОСӢ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи парчам

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг роҳпаймоӣ доир гардид. Суратгузориш аз ҷараёни роҳпаймоӣ Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг дар Бохтар
Мақолаҳо, Хабарҳо

Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг дар Бохтар

20-уми ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Халтон Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа ҳисоботи масъули раёсати фарҳанги вилоят оид ба натиҷаи фаъолият дар даҳ моҳи сипаригардида ва натиҷагирӣ аз рафти маниторинг оид ба вазъи муассисаҳои фарҳанги вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Суратгузориш аз ҷараёни ҷаласа мазкур.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
АСОСӢ, Мақолаҳо, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200 ададаш сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва...
Иштирок дар Фестивали асал, анор ва картошка дар вилояти Суғд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Фестивали асал, анор ва картошка дар вилояти Суғд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд. Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад. Ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои зарбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст. Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, балан...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Мақолаҳо, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии Тоҷикистону Беларус аз 24 то 27 ноябри соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба ин дар Вазорати фарҳангҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид.Дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҳайат,баргузор намудани Рӯзҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...